Лимит бозгашт

“Обанбори НБО Норак аз об пур аст, вале…” Муроҷиатномаи “Барқи тоҷик” оид ба маҳдудияти неруи барқ

“Барқи тоҷик” бо нашри як муроҷиатнома сокинони кишварро аз эҳтимоли норасоии мавсимии барқ огоҳ кард. Дар натиҷаи хунук шудани ҳарорати ҳаво камшавии маҷрои дарёҳо ва захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин, сол ба сол зиёд шудани талаботи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат чунин ҳолат ба миён меояд, шарҳ додааст дар муроҷиатнома.

“Чунин вазъият талаб менамояд, ки барои дар фасли зимистон бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд”,- қайд мегардад дар матн.

Гуфта мешавад, манбаи асосии захираи обу энергетикии кишвар – обанбори НБО Норак  то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст. Вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст.

“Вобаста ба ин, аз рўи ҳисоби мутахассисони соҳа соли ҷорӣ низ норасоии мавсимии неруи барқ пешгӯӣ карда шудааст ва  вазъи пешгӯишуда танзими реҷаи истифодаи   захираҳои обу энергетикиро дар низоми энергетикии кишвар ва истифодаи сарфакоронаю самараноки неруи барқро дар корхонаҳо, ташкилоту  муассисаҳо ва  манзилҳои истиқоматӣ тақозо менамояд”,- менависад “Барқи тоҷик”.

Ин ширкат “таҷрибаи солҳои қаблӣ”-ро мисол оварда, қайд менамояд, ки барои “таъмини беҳтари барқ дар мавсими сармо” дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд.

Зикр мегардад, ки ин ниҳод ба маҳдуд намудани таъминоти барқ манфиатдор нестанд, вале захираҳои обу энергетикие, ки мо ҳоло дар ихтиёр дорем, ҳаминро талаб менамояд.

Муроҷиатномаи “Барқи тоҷик” дар ҳоле нашр шуд, ки аҳолии шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз маҳдудият ё “лимит”-и беогоҳии барқ шикоят мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ маҳдудияти шадиди интиқоли барқ дар тамоми кишвар амал мекард ва дар баъзе минтақаҳо то аввали моҳи апрел идома ёфт.

Skip to toolbar