logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду наврас дар Тоҷикобод

Ин ду ноболиғ бо маслиҳати пешакӣ ба манзили як марди 44-солаи сокини ноҳия ворид шуда, автомошинаи “Опел-Астра”-и шахсии ӯро аз мошинсарой баровардаанд.

Your tj

12:4004.11.2025

Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду наврас дар Тоҷикобод

Кормандони милитсияи ноҳияи Тоҷикобод ду навраси 17-соларо ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ рондани мошин боздошт кардаанд. Дар ин бора ВКД хабар дод.

Тибқи иттилоъ, шаби 24 октябр тахминан соати 21:00, ин ду ноболиғ бо маслиҳати пешакӣ ба манзили як марди 44-солаи сокини ноҳия ворид шуда, автомошинаи “Опел-Астра”-и шахсии ӯро аз мошинсарой баровардаанд.

Онҳо мошинро тавассути роҳи “Ваҳдат–Рашт–Тоҷикобод” ба самти деҳаи Сари пул ронда, аз уҳдаи идорааш набаромада, онро ба лаби ҷӯйбори канори роҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.

Гуфта мешавад, нисбати ин наврасон бо банди “б” қисми 2 моддаи 252 Кодекси ҷиноятӣ (барои тасарруфи ғайриқонунии воситаи нақлиёт) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Тибқи ин банди қонун бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

7 часов назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

7 часов назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

4 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

8 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ