logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Оғози муҳокимаи гумонбарони ҳамла ба “Крокус” дар Москва

Мурофиа пушти дарҳои баста мегузарад ва дар атрофи додгоҳ тадбирҳои бесобиқаи амниятӣ роҳандозӣ шудаанд.

Your tj

17:0321.07.2025

Оғози муҳокимаи гумонбарони ҳамла ба “Крокус” дар Москва

Имрӯз, 21 июл, додгоҳи низомие дар ғарби вилояти Москва муҳокимаи ибтидоии 19 нафарро, ки ба тарҳрезӣ ва анҷоми ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” муттаҳаманд, оғоз кард.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии ТАСС, мурофиа пушти дарҳои баста мегузарад ва дар атрофи додгоҳ тадбирҳои бесобиқаи амниятӣ роҳандозӣ шудаанд.

Ҳамла дар канори Москва 22 марти соли 2024 рух дод. Дар натиҷа 149 нафар кушта ва 609 тани дигар маҷруҳ шуданд. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт, аммо мақомоти Русия иддао доранд, ки он бо амри хадамоти махсуси Украина анҷом шудааст.

Аз 19 нафар муттаҳам, аксар шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Боздошти онҳо бо шеваи хушунатомез сурат гирифтааст, ки вокуниши густарда ва интиқоди тунди ҷомеаро ба бор овард.

Шиканҷа ва зӯроварии зидди инсонӣ, аз ҷумла буридани гӯши яке аз боздоштшудагон ва расонидани ҷароҳатҳои вазнин ба дигараш, сабаби ба вуҷуд омадани шубҳаҳо дар мавриди дурустии айбдоркуниҳо шудааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол ба таври расмӣ ба ин қазия вокуниш накардаанд. Ҳуқуқшиносон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ талаб доранд, ки ҷараёни мурофиа бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ ва бе шиканҷа анҷом дода шавад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

5 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ