Оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон муайян шуд

Дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон 1-уми март оғоз шуда, 30-юми март ба анҷом мерасад. Дар ин хусус Шӯрои уламои кишвар зимни як ҷаласа қарор қабул кардааст, хабар медиҳад Кумитаи дини кишвар.

Тибқи қарори Шӯрои уламо:

  • фитри рӯза – 8 сомонӣ;
  • нисоби закот – аз 36 ҳазор сомонӣ 900 сомонӣ;
  • фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ – 480 сомонӣ барои 30 рӯз муқаррар шудааст.

Моҳи шарифи Рамазон яке аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ буда, мувофиқи ин тақвим ҳар сол даҳ рӯз пеш аз соли гузашта меояд ва мусалмонон дар ин моҳ рӯза медоранд.

Рӯза доштан дар моҳи шарифи Рамазон яке аз панҷ рукни асосии дини мубини ислом буда, шахс бояд ҳангоми рӯза доштан аз хӯрдану нӯшидан аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб худдорӣ намояд.

Иди Рамазон низ аз бузургтарин ва муҳимтарин идҳои мусалмонон ба шумор меравад.

Skip to toolbar