Оғози маъракаи экологии #OzmuniSabz2024 дар Тоҷикистон

Журналист ва фаъоли экологӣ Зулфия Голубева маъракаи экологии #OzmuniSabz2024-ро эълон кард, дар он иштирок намуда, дар баробари саҳм гузоштан ба тозагии пойтахт, инчунин метавон туҳфаҳои қиматнокро бурд кард.

Ин ташаббус аз ҷониби намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дастгирӣ мешавад.

Гуфта мешавад, #OzmuniSabz2024 ба одамон кӯмак мекунад, то аҳамияти ҳифзи муҳити зистро беҳтар дарк намуда, ташаббусҳои экологиро бештар дастгирӣ кунанд.

Ҳар нафаре, ки мехоҳад дар тозагии муҳити зист саҳм гузорад, метавонад дар ин иқдом иштирок кунад.

Барои иштирок чӣ кор бояд кард?

#OzmuniSabz2024 ду шакли асосии иштирок дорад: челенҷҳо ва шанбегиҳо.

Челенҷ: Иштирокдорон дар мавзӯи экологӣ навор дар формати рилс сабт карда, онро бояд бо ҳештеги #OzmuniSabz2024 нашр намоянд.

Туҳфаҳо танҳо ба иштирокдорони челенҷ тақдим мегарданд. 10 навори беҳтарин аз ҷониби ҳакамон интихоб гардида, аз онҳо 3-тоаш бо мукофотҳои асосӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Маълумоти муфассал дар бораи челенҷро метавонед дар саҳифаи Зулфия Голубева дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм пайдо кунед.

Туҳфаҳои асосии челенҷ:

  • Электросамокат;
  • Дучарха;
  • Микрофон бо корти садоии дарунсохт.
@zulfiko31♬ оригинальный звук – Зульфия Голубева

Дар шанбегиҳо бошад, партовҳои ҳудуди чор минтақаи Душанбе тоза карда мешаванд. Эълонҳо дар бораи шанбегиҳо дар саҳифаҳои Зулфия Голубева дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Instagram ва TikTok нашр мегарданд.

Маърака то охири моҳи январи соли 2025 идома мекунад. Дар ин муддат 5 шанбегӣ баргузор мегардад.

Ба #OzmuniSabz2024 ҳамроҳ шавед ва саҳми худро дар беҳбудии муҳити зист гузоред, инчунин имконияти бурдани туҳфаҳоро пайдо кунед!

Skip to toolbar