Оғози дубораи тирпаронӣ баъди гуфтугӯи президентҳо


Баъд аз мувофиқаи оташбаси Президентҳои ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, соати 17 бо вақти Душанбе, он вайрон ва тирпарронӣ аз нав оғоз шудааст.

Дар ин хусус расонаҳои қирғизӣ бо такя ба мақомоти Қирғизистон маълумот медиҳанд, аммо мақомоти Тоҷикистон хомӯширо ихтиёр кардаанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар додааст, ки дар пайи даргириҳои имрӯза дар марзи Тоҷикистону Қизистон, 2 қирғиз куштаву 55 нафар ҷароҳат бардошаанд.