fbpx

Оғози даъвати тирамоҳӣ.1200 ҷавон бо пардохти беш аз 32 миллион сомонӣ ба хидмати ҳарбии пулакӣ рафтанд

Гуфта мешавад, ки хидмати сарбозон 17 август оғоз гардида, дар 4 пойгоҳи ҳарбии таълимӣ як моҳ идома хоҳад кард.


0
Артиши Тоҷикистон - заифтарин дар Осиёи Марказӣ

1 ҳазору 200 ҷавони тоҷик бо пардохти 32 млн 256 ҳазор сомонӣ ба хидмати ҳарбии пулакӣ шурӯъ карданд. Дар ин бора  “Азия-Плюс” бо такя ба иттилои Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ хабар додааст.

Ба иттилои сухангӯи вазорат, ҳар як ҷавон бо пардохти 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 26 ҳазору 880 сомонӣ аст (як нишондиҳанда 64 сомонӣ), хидмати сарбозии баҳорироро анҷом мерасонанд.

Гуфта мешавад, ки хидмати сарбозон 17 август оғоз гардида, дар 4 пойгоҳи ҳарбии таълимӣ як моҳ идома хоҳад кард.

“Хидмати онҳо дар марказҳои ҳарбии таълимии “Лоҳур” ва “Тоҷмаҳал”-и шаҳри Душанбе, пойгоҳи маркази таълимӣ-ҳарбии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва пойгоҳи таълимӣ – ҳарбии филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати дифоъ дар вилояти Суғд идома дорад. Онҳо даъвати ҳарбии баҳориро анҷом медиҳанд”,- илова кардааст, Маҳмадализода.

Рӯзи 3-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати тирамоҳиро имзо кард. Тибқи ин санад, аскароне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2022 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешавад.

Ҳамчунин шаҳрвандони аз синни 18 то 27 сола, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи артиш даъват мешавад.

Вазорати дифоъ, раисони комиссияи даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат амалӣ намоянд.

Раисони шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо дарки масъулият даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф шудааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend