logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Оғози даъвати баҳорӣ. Кадом минтақаҳо нақшаро иҷро карданд?

Дар рӯзи аввали даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатолон ва ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъватро пурра иҷро карданд.

Your tj

11:2101.04.2025

Оғози даъвати баҳорӣ. Кадом минтақаҳо нақшаро иҷро карданд?

Имрӯз, 1-уми апрел дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. Дар рӯзи аввали даъват ду вилоят ва чанде аз ноҳияҳои кишвар аз иҷрои пурраи нақшаи даъват хабар доданд.

Нахустин шуда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати баҳориро иҷро кард.

Акс: АМИТ "Ховар"

Ба иттилои АМИТ “Ховар”, ноҳияҳои Сангвор,  Лахш, Тоҷикобод,  Нуробод ва Рашт  низ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват хабар доданд.

Акс: АМИТ "Ховар"

Ҳамчунин манбаъ менависад, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ даъвати баҳории ҷавононро пурра иҷро намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал фармони даъвати баҳориро имзо кард.

Мувофиқи он сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ба эҳтиёт рухсат дода шуда, давоми моҳҳои апрел-май ҷавонмардони солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор мешавад.

Тибқи тағйирот ба қонун дар Тоҷикистон ҷавонон бо пардохти 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (бо афзудани як нишондиҳанда аз 72 ба 75 сомонӣ аз 1-уми январи соли 2025 – 56 ҳазору 250 сомонӣ) ва гузаштани тамрини якмоҳа дар қисмҳои ҳарбӣ метавонанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

6 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ