fbpx

Оғози қабули дархостҳо ба барномаи Бурсияҳои Туркия (Türkiye Bursları)

Дар ин ҷо тарзи дурусти пур кардани дархост ва раванди қабул ба барномаро ба таври сода шарҳ додем.


0
Таҳсил дар Туркия

Қабули дархостҳо ба барномаи Бурсияҳои Туркия (Türkiye Bursları) барои таҳсил дар мактабҳои олии Туркия аз  10-уми январи соли 2024 оғоз шуд, ки то  20-уми феврали идома хоҳад кард. То имрӯз тариқи ин барнома беш аз 150 ҳазор нафар қариб аз 100 кишвари ҷаҳон донишгоҳҳои Туркияро хатм кардаанд.

Ҳамасола наздики 5 ҳазор довталаб аз тамоми ҷаҳон ин бурсияҳоро ба даст меоранд. Дар айни замон, дар Туркия 15 ҳазор донишҷӯ дар доираи барномаи Бурсияҳои Туркия ба таҳсили худ идома дода истодаанд.

Бурсияҳои Туркия чӣ бартариҳо дорад?

Дар доираи барномаи Бурсияҳои Туркия, хароҷоти донишгоҳ, давоми як сол курси омӯзиши забони туркӣ, суғуртаи саломатӣ, хароҷоти зист (хобгоҳ), чиптаи якдафъаина барои рафту баргашт ва идрорпулӣ (стипендия) пардохт мегардад.

Донишҷӯён ба донишгоҳҳо ва ихтисосҳо аз ҷониби барномаи Бурсияҳои Туркия ҷо ба ҷо карда мешаванд.

Довталабон аз тариқи Системаи Маълумоти Бурсияҳои Туркия (TBBS- https://tbbs.turkiyeburslari.gov.tr/) метавонаанд ба дастурамали донишгоҳҳо ва барномаҳои академӣ (таҳсилӣ) дастрасӣ пайдо намоянд.

Дархостҳо ройгон буда, тариқи сомонаҳои интернетии www.turkiyeburslari.gov.tr ва ё www.turkiyescholarships.gov.tr анҷом дода мешавад.

Кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Барои пур кардани дархостҳо тариқи интернет, довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • Шиносномаи дохилии дорои муҳлати эътибор;
  • Шиносномаи хориҷии дорои муҳлати эътибор;
  • Сурати довталаб (бояд нав бошад);
  • Натиҷаи имтиҳонҳои тести миллӣ (агар бошад);
  • Атестат/диплом ва ё маълумотномаи муваққатии хатмкунанда;
  • Табели баҳо (транскрипт);
  • Натиҷаи имтиҳонҳои байналмилалӣ (агар барномаи интихобгардида онро тақозо намояд GRE, GMAT… ва ғ.);
  • Натиҷаҳои имтиҳони забон (агар барномаи интихобгардида онро тақозо намояд);

Талаботи асосии муроҷиат ба барнома:

  • Дараҷаи минималии муваффақияти таҳсилӣ (баҳои миёнаи умумии донишҷӯ) (Барои бакалавриати илмҳои тиб, (Тиб, дандонпизишкӣ ва фармасевтика: 90/100, барои дигар барномаҳои давраи бакалавриат: 70/100, барои магистратура ва докторантура: 75/100)
  • Барои давраи бакалавриат синну соли довталаб бояд зери 21 сол ва барои магистратура зери 30 сол бошад.

Раванди интихоб

Дархостҳо барои барномаи Бурсияҳои Туркия аз рӯи: муваффақияти таҳсилии довталаб, фаъолияти берун аз барномаи таълимӣ (силабус) ва дигар маҳоратҳои касбии довталаб арзёбӣ мегардад.

  • Баррасии пешакӣ: Тамоми дархостҳо аз рӯи талаботи асосӣ, ба монанди баҳои таҳсилии минималӣ, маҳдудияти синну сол ва ҳуҷҷатҳои лозима баррасӣ мегарданд.
  • Арзёбӣ: Дархостҳои довталабоне, ки муносиб дониста мешаванд бодарназар гирифтани вазъи таҳсилӣ, маҳоратҳои қаблӣ, шохаи таҳсилии алоқадошта, ҳадафҳои касбӣ, мувофиқат бо ихтисоси интихоб гардида, муҳтаво/фаҳмо будани мактуби ният ва иштирок дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ барин як силсила талабот аз ҷониби Кумитаи Мутахасисон бо диққат баррасӣ мегардад. Пас аз ин марҳила, феҳристи довталабоне, ки барои давраи мулоқот лоиқ дониста мешаванд, омода мегардад.
  • Мулоқот: Довталабоне, ки аз байни беш аз 100 кишвар интихоб мегарданд, дар феҳристи ниҳоӣ ҷой дода мешаванд, аз ҷониби кумитаи мулоқотгирандагон, ки аз устодон ва мутахассисон иборатанд, баҳогузорӣ мегарданд.
  • Интихоб: Пас аз мулоқот бо довталабон аз рӯи натиҷаҳои ба даст омада кумитаи интихобкунандагон натиҷаҳои ба даст омадаро баҳогузорӣ намуда, феҳристи барандагони бурсияро омода месозад.
  • Қабул: Ба довталабоне, ки дар мулоқот комёб гашта, барандаи бурсия мешаванд аз тариқи Системаи Маълумоти Бурсияҳои Туркия (TBBS- https://tbbs.turkiyeburslari.gov.tr/ ) ва тариқи почтаи электронӣ мактуби қабул ирсол мегардад ва оиди корҳои марҳилаи пас аз қабул маълумотрасонӣ мешавад. Довталабон пеш аз омадан ба Туркия корҳои Ӯҳдадории Бурсия-ро анҷом медиҳанд.

Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend