Ширкати маъруфи ҷаҳонии Apple барои хизматрасониҳои электронияш дар шаш моҳаи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 238 ҳазор сомонӣ андоз супорид. Ин нахустин ширкати хориҷие мебошад, ки па аз қабули ба истилоҳ «андоз аз Google» ба кишвар андоз супорид.
“Ширкати хориҷии Apple Distribution International Limited, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамояд, санаи 16 июли соли 2021 аз байни чунин ширкатҳо нахустин шуда барои семоҳаҳои I ва II–и соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда, андоз аз арзиши иловашударо барои ин давраҳо ба маблағи зиёда аз 238 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон пардохт намуд”,- хабар медиҳад Кумитаи андози кишвар..
Гуфта мешавад, Apple Limited нахустин ширкатест, ки аз ҳисоби хизматрасониҳои электронии анҷомдодаи худ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ эъломияи андоз пешниҳод намуда, маблағи онро ба буҷети давлатӣ пардохт намудааст.
Кумитаи андоз бори дигар ёдовар шудааст, ки тибқи муқаррароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз” аз 17 декабри соли 2020, ширкатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамоянд, бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, андоз аз арзиши иловашударо ҳисоб ва ба буҷет пардохт намоянд.
Гуфта мешавад, соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти андоз бо намояндагони ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, якчанд маротиба видеоконфронс ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуда, дар натиҷаи чораҳои андешидашуда 18 номгӯйи ширкатҳои хориҷӣ худро дар мақомоти андоз ба қайд гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон тағйироти қонунгузории андози кишварро дар робита бо қабули ба истилоҳ «андоз аз Google» қарор қабул кард ва он аз 16 январ ба ҳукми амал даромад.
Кумита тасмимашро чунин шарҳ дода буд: ин дигаргунӣ дар робита бо рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати интернетӣ қабул карда шудааст. Дар дигаргунсозии кодекси андоз аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Испания ва ғайраҳо истифода шудааст.
Муфасалтар оиди ин мавзӯъ метавонед дар бахши русии сомонаи мо маълумот гиред.