Оҷонсии ҳавоӣ: Нархи чиптаи рафту омад байни Тоҷикистону Русия бояд то $500 бошад

Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор вояи Pfizer дастрас кард

Дафтари матбуотии сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 20 сентябр ба Вазорати беҳдошти Тоҷикистон 114,6 ҳазор воя ваксини Pfizer супорида шуд. Қайд гардид, ки авохири ҳафтаи равон боз 210,340 ҳазор воя ваксини иловагӣ ба Тоҷикистон тақдим мегардад.

Дар ҳамин ҳол муовини аввали вазири тандурустӣ Ғаффор Муҳсинзода изҳор доштааст, ки феълан дар Тоҷикистон 2,3 миллион нафар ё 40 дарсади шаҳрвандони кишвар алайҳи бемории коронавирус ваксин гирифтаанд.

Оҷонсӣ: Нархи чиптаи рафту омад байни Тоҷикистону Русия бояд то $500 бошад

Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ мегӯяд, нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ба Русия барои ҳарду самт (рафту омад) бояд ҳудуди $450-500 бошад. Дар ин бора, дар ҷавоби расмии Оҷонсӣ ба дархости “Азия-Плюс” гуфта шудааст.

“Ин нарх барои рафту омад аст, яъне нархи чиптаи дутарафа. Масалан, агар аз Душанбе ба Маскав чипта бо нархи $300 фурӯхта шавад, аз Маскав ба Душанбе нархи чипта бояд $200 бошад”, – шарҳ дод мутахассиси оҷонсӣ.

Зикр мегардад, ки ин нархнома аз моҳи июни соли ҷорӣ тасдиқ карда шуда, поён рафтани арзиши чиптаҳо ба роҳандозии парвозҳои мунтазам рабт дорад. Ин дар ҳолест, ки то роҳандозии хатсайрҳои мунтазам ҳам нархи парвозҳои чартерӣ $500-ро ташкил медод, чун ширкатҳо фақат аз як самт бо мусофир парвоз мекарданду аз самти дигар холӣ.

Дар мактуби ҷавобии Оҷонсӣ гуфта мешавад, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Русия бо мактуби расмӣ тасдиқ кардаанд, ки чиптаро бо нархи на бештар аз $500 ба ҳарду самт хоҳанд фурӯхт.

Ифтитоҳи хатти ҷадиди парвоз дар миёни Русия ва Тоҷикистон

Ширкати ҳавопаймоии Русия S7 ҳар ҳафта аз Томск ба чаҳор шаҳри дигари Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад.

Аз 6 ноябр рӯзҳои шанбе ду парвоз аз шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ба Русия сурат мегирад.

Илова бар ин боз шудани ду хатти парвози дигар ба Хуҷанду Бохтар (Қӯрғонтеппа) барои ин ширкати ҳавопаймоии ин шаркати русӣ низ дар назар аст. Ин парвозҳо аз 7 ноябр оғоз гардида, ҳавопаймоҳо рӯзҳои якшанбе парвоз анҷом медиҳанд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ширкати ҳавопаймоии S7 аз 6 ноябр дар рӯзҳои шанбе аз Томск ба шаҳри Ӯши Қирғизистон парвоз анҷом медиҳад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба волдии Рашт раҳсипор шуд

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар доираи ин сафар президент дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, иштирок карда, бо вазъи соҳаи кишоварзӣ аз наздик шинос мешавад ва бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш суҳбату мулоқот мекунад.

Гуфта мешавад, сафари кории сарвари давлат аз ноҳияи Сангвор оғоз гардида, нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин бинои нав аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 540 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншооти навбунёд дорои 29 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Сипас президенти мамлакат дар маросими ба истифода додани меҳмонхонаи “Таҳмина” дар маркази ноҳия иштирок кард.

Меҳмонхона аз 4 ошёна иборат буда, бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Мустафо Абдуллоев бунёд карда шудааст. Меҳмонхонаи навбунёд имкони қабули 25 нафар мизоҷ дар як вақтро доро аст. Иншооти муосири хизматрасонӣ ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мебошад.

Музокироти “Толибон” ва тоҷикон дар Душанбе баргузор мешавад

Сарвазири Покистон Имрон Хон гуфтааст, пас аз дидору гуфтушунид бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҳаракати “Толибон” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар бораи бунёди ҳукумати фарогир (инклюзивӣ) дар Афғонистон ба музокирот шурӯъ кардааст.

Вохӯрии сарвазири Покистон бо Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябр дар Душанбе доир гардид. Хадамоти матбуоти сарвари давлат дар ин робита хабар дода буд, ки ҷонибҳо ҷиҳати ташкили гуфтушунидҳо байни намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Панҷшер ва ҳаракати “Толибон” дар Душанбе ба мувофиқа расиданд.

Вақт ва замони баргузории муколама ҳанӯз маълум нест. Вале коршиносон бар ин назаранд, ки дар сурати баргузор шудан гуфтушунид мавзӯи меҳварӣ бояд вазъи Панҷшер ва кӯмак ба ин дара бояд бошгад.

Ба навиштаи сомонаи президент, Тоҷикистон ва Покистон барои хатми низоъ, “ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа” ба мувофиқа расидаанд.

Се шаҳрванди Тоҷикистон дар Новосибирск даруни мошин зинда ба зинда сӯхтанд

Се шаҳрванди Тоҷикистон субҳи 18 сентябр дар маркази шаҳри Новосибирски Русия даруни автомашина зинда ба зинда сӯхтанд. Тавре МК Новосибирск бо истинод ба Раёсати БДА дар ин шаҳр хабар медиҳад, автомашинаи Volkswagen Polo-ро онҳо ба иҷора гирифта будаанд.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, автомашина бо суръати баланд ҳаракат карда, дар натиҷа ба поячӯби чароғи рӯшноидҳанда бармехӯрад. Пас аз бархӯрд расиши симу ноқилҳо ба вуҷуд омада, автомашина оташ мегирад.

Ба иттилои манбаъ, автомашина бо одамоне, ки дар дохили он буданд, пурра сӯхтааст.

Зикр мегардад, ки ҳодисаи мазкур айни замон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Skip to toolbar