Оқибатҳои сел дар Панҷ. Беш аз 100 манзили сокинон зарар дид

Талафоти ҷонӣ нест.


Оқибатҳои сел дар ноҳияи Панҷи Тоҷикистон

Акс аз сомонаи ҳукумати н. Панҷ

Бар асари обхезии шаби 3 ба 4-уми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон беш аз 100 хонавода осеб диданд.

Сабаби офати табиӣ бориши борони шадид буд, ки боиси омадани сел гардид. Маҷрои он ба беш аз 100 хонаи сокинони деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддинов ворид шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон, як рӯз қабл раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба маҳалли офати табиӣ омада, дастур додааст, ки ситоди рафъи оқибатҳои офати табиӣ, ҳисоб кардани хисорот ва таъмини кӯмакҳои ба зарардидагон таъсис дода шавад.

Дар ҳоли ҳозир кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷойи ҳодиса қарор доранд. Онҳо обро берун ва хонаҳоро аз гил тоза мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои КҲФ, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон боришоти шадид, бахусус дар минтақаҳои кӯҳиро то 7 – уми апрел пешгӯйӣ кардааст. Хавфи баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ, рехтани сангҳо ва лағзишҳо вуҷуд дорад.