Нуриддин Саид оиди муроҷиати “Гуруҳи 44”:”Мо ба чунин шахсон имконияти баромад кардан намедиҳем”

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон – “Гуруҳи 44” охирҳои моҳи декабр ба раиси Кумитаи телевизион  ва радио барои иҷозати баромад дар телевизион муроҷиат карда буданд. Аммо, Нуриддин Саид имрӯз, 8 феврал, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, чунин як муроҷиатномае нагирифтаанд ва ба чунин гуруҳҳо иҷозати дар телевизионҳои давлатӣ баромад карданро ҳам намедиҳанд.

“Ҳеҷ як чунин мактубе ба дасти мо нарасидааст ва мо дар бораи ин гуна муроҷиат иттилоъ надорем. Ба чунин шахсон ҳам иҷозаи баромад дар телевизионро намедиҳем. Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи иттилоот аст ва ҳар иттилоъе, ки бар зидди сиёсати давлат бошад мо онро пахш намекунем”, – гуфт Нуриддин Саид.

Хабари муроҷиати фаъолони Бадахшон охирҳои моҳи декабр расонаӣ шуда буд. Хуҷамрӣ Пирмамадов, сухангӯйи Гуруҳи 44 гуфта буд, ки  онҳо ба иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Алишер Мирзонабот, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Нуриддин Саид ва раҳбари Раёсати телевизион ва радиои ВМКБ Муфарраҳи Шодӣ муроҷиат кардаанд, ки 30 дақиқа вақт барои суханронӣ ба онҳо дар ин шабака ҷудо карда шавад.

“Дар робита ва вазъи баамаломада дар ВМКБ ва дастрас набудани интернет ва сар задани ҳар гуна сару садоҳо дар ҷомеа, мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур медонем, ки тавассути ТВ «Бадахшон» баромад кунем ва нуқтаи назари худро дар бораи вазъи ҳозира баён карда, аз сокинон даъват кунем, ки ба ҳар гуна овозаҳо бовар накунанду ба зиндагии муқаррарии худ идома диҳанд.

Мо бовар дорем, ки баромади мо ба идомаи тақвияти субот дар ҷомеа мусоидат мекунад, аз ин рӯ, мо мехоҳем 30 дақиқаи вақти ТВ «Бадахшон» дар ихтиёри мо гузошта шавад. Мо муътақидем, ки дар ҷомеаи мо озодии баён вуҷуд дорад ва ҳар шахс метавонад нуқтаи назари худро озодона баён кунад” ,- гуфта мешуд дар муроҷиатнома.

Онҳо гуфта буданд, ки барои гирифтани ҷавоб се рӯз интизор мешаванд. Аммо, тавре маълум шуд, онҳо на ба мактубҳои худ ҷавоб гирифтанд ва на дар телевизион баромад карданд.

Ин муроҷиати фаъолон дар ҳоле сурат гирифт, ки пас аз тазоҳуроти моҳи ноябр дар Бадахшон шабакаи интернет пурра ғайри фаъол шуд ва то ҳол сокинони ин вилоят ба интернет дастрасӣ надоранд. Мақомоти сабаби қатъи интернетро “ба хотири таъмини амниятӣ” мегӯянд.

Малика Сафарзода

Skip to toolbar