Нуриддин Саид оиди хабарҳои марзӣ: ”Ҳар иттилоъе, ки хилофи давлат аст, мо пахш намекунем”

Телевизионҳои давлатӣ дар Тоҷикистон оиди ҳодисаҳои марзӣ (марз бо Қирғизистон) танҳо қисман ва ё умуман иттилоъ ё гузорише нашр намекунанд. Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, гуфт, ки “кумита татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи иттилоот мебошад ва ҳар гуна иттилоъро дар телевизионҳо пахш намекунанд”.

Нуриддин Саид гуфт, ки изҳороти раиси КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва изҳороти раиси КДАМ – и Қирғизистонро бо забонҳо тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарҷума ва тариқи барномаҳои ахборотии ҳамаи телевизионҳо пахш намудаанд.

Аммо дар телевизионҳо аз захмӣ шудани сокинон ва хонаҳои вайроншудаи онҳо, ҳеҷ як гузорише тариқи телевизионҳои давлатӣ пахш нашудааст. Ӯ гуфт, ки телевизионҳо “ҳар гуна иттилоъро пахш намекунанд”.

“Кумита татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи иттилоот аст. Ҳама гуна иттилооте, ки хилофи истиқлолият, ташаккули миллат, хилофи сулҳу субот ва шаъну шарафи миллии мо аст, мо аз пахши он худдорӣ мекунем. Мо Радиои Озодӣ нестем ва моро бо ченакҳои худатон чен накунед”, – гуфт, Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотии ниҳодаш.

Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Тоҷикистон дар изҳороти расмииаш гуфт, ки дар натиҷаи муноқиша 2 шаҳрванд ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд, ки аз онҳо 6 нафарашон низомӣ ва 4 нафари дигар сокинони мулкӣ буданд.

Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марзӣ мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.

Малика Сафарзода

Skip to toolbar