Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар баҳси умумии сиёсии Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ карда, дар он аз ҷумла дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва таҷовузи низомии Қирғизистон гуфт .
Нуқтаҳои муҳим аз суханронии Сироҷиддин Муҳриддин:
Боиси таассуф аст, ки масъалаҳои танзими хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз таърих ба мо боқӣ мондаанд, беасос то Маҷмаи Умумии СММ кашида шуд.
Қирғизистон тавофуқҳои ҳосилшударо нодида гирифта, дар бораи аз минтақаҳои ҳассос берун кашидани нерӯҳо ва техникаи вазнини ҳарбӣ хабарҳои бардурӯғ паҳн карда, онҳоро дар нуқтаҳои аҳолинишини наздимарзӣ пинҳон мекунад. Аз ин рӯ, масъулияти ҳар таниши навбатие, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба амал меояд, комилан бар дӯши Қирғизистон хоҳад буд. Раҳбарияти кишвари ҳамсоя дар суханронии худ аз марги шаҳрвандон ва хисороти моддӣ ёдовар шуда, таассуроти бардурӯғеро ба вуҷуд овард, ки гӯё фоҷиа дар марз танҳо ба онҳо таъсир кардааст. Далелҳо ба таври дигар гувоҳӣ медиҳанд.
Дар натиҷаи таҷовузи низомии Қирғизистон беш аз чил нафар сокинони осоиштаи Тоҷикистон кушта ва ҳудуди дусад нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар байни онҳо занони ҳомила, кӯдакон, пиронсолон, табибон, намозгузорон, ки дар масҷид адои намоз мекарданд, низ ҳастанд.
Илова ба иншооти наздисарҳадӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, биноҳои истиқоматӣ, инфрасохторҳои гуногун ва алоқа хароб карда шуданд. Пас, таҷовузкор кист? Фоҷиае, ки дар минтақаи марзӣ рух додааст, тасодуфӣ нест. Аз тирамоҳи соли гузашта ҳамсояи мо ба ҳамла омодагӣ гирифтанд, ки ин дар бунёди инфрасохтори ҳарбӣ дар наздикии марзҳои мо зоҳир шуд.
То имрӯз ҳарду кишвар тавонистанд тарҳи тақрибан 602,5 километри сарҳадро мувофиқа ва таҳия кунанд, ки қариб 61% – и тӯли онро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон, бо такя ба таҷрибаи байналмилалии муайянсозии сарҳадҳо, борҳо ба ҳамсояҳо пешниҳод намуд, то натиҷаҳои кори бисёрсоларо дар ин самт тавассути имзои шартнома дар бораи қитъаҳои алоҳидаи сарҳад аз лиҳози ҳуқуқӣ қайд намояд. Аммо ҳамсояҳои мо ин пешниҳодро қатъиян қабул надоранд
Роҳбарияти Қирғизистон аз ин минбари баланд дар мавриди Созишномаи таъсиси ИДМ ва Эъломияи Алмаато ёдовар шуда, онҳоро ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ барои муайян кардани сарҳади давлатӣ муаррифӣ кард. Аммо бояд таъкид кард, ки масъалаи муайян кардани хати сарҳадӣ мавзӯи танзими ин санадҳо нест.
Боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо такя ба бархӯрди яктарафа, ҷонибдорона ва аз пеш таъйиншуда шурӯъ аз солҳои 50-уми асри гузашта худсарона зиёда аз 2110 километри мураббаъ замини қонунан мансуб ба Тоҷикистонро ғасб намудааст. Ба ин нукта низ ҳамсояҳои мо ишора накарданд.
Мехоҳам ба Маҷмаи Умумӣ иттилоъ диҳам, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати шарҳи гузариши хатти сарҳади давлатӣ мутобиқ ба тақсимоти марзӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ба созиш расидаанд. Маҳз ҳамин ҳуҷҷатҳо аз тамоми расмиёти конститутсионӣ гузаштаанд ва мутобиқан ягона заминаи ҳуқуқӣ барои идомаи раванди гуфтушунид мебошанд. Новобаста ба ин, бо мақсади нишон додани ҳусни ният ва хушоҳангии ҳадди аксар мо бо ҳамсояҳо розӣ шудем, ки ҳамчунин маводи комиссияи баробарии соли 1989-ро, ки Қирғизистон пешниҳод кард, истифода намоем.
Масъалаҳои сарҳадӣ бо изҳороти ҳавоӣ ва эҷоди ҳолатҳои буҳронӣ ҳал намешаванд. Кори ҳаррӯзаи муштарак ва ботафаккури ба ҳусни нияти тарафҳо асосёфта лозим аст.
Мо омодаем, ки музокиротро идома диҳем ва мутмаин ҳастем, ки мардуми тоҷику қирғиз ҳақ доранд, ки дар фазои сулҳу дӯстӣ ва созиш якҷоя зиндагӣ кунанд.
Тоҷикистон, ки ваҳшати низои дохилиро аз сар гузаронидааст, қадри сулҳро медонад ва ҳамаи талошҳои худро ба он равона мекунад, ки дар минтақаи мо суботу амният ҳукмфармо бошад.