Муштзани ҷавони тоҷик, Хусравхон Раҳимови 23-сола дар XXIII-юмин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон соҳиби медали нуқра шуд. Ин аввалин медали нуқра дар таърихи бокси Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Қаҳрамонии ҷаҳон мебошад. Варзишгар бо чунин дастовард номи худро дар таърихи муштзании Тоҷикистон сабт кард.
Муаллифи Your.tj бо Хусравхон Раҳимов, мураббиаш Меъроҷ Умаров ва сармураббии мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар бораи муваффақиятҳои Хусравхон ва махсусияти фардии вай, ки маҳз ба он сабаб дар Чемпионати ҷаҳон медал ба даст овард, ҳамсуҳбат шуд.
Дурахши Хусравхон дар мусобиқае, ки барояш таърихӣ шуд
Мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон аз 2-юм то 13 -уми декабр дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.
Дар он Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг дар даври аввал муқобили намояндаи Лесото Тока Литабе ба набард баромада, дар раунди дуюм пирӯз шуд. Рақиби дуюмаш аз Муғулистон буд, ки бо натиҷаи 4-3 бар ӯ ғолиб шуд. Баъдан Хусравхон ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта, бо намояндаи Африқои Ҷанубӣ, Сигвела Масибулеле нерӯ санҷид. Бо қарори якдилонаи доварон (5:0) пирӯзӣ ба даст овард ва роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор сохт.
“Хусравхон Раҳимов дар марҳилаи нимниҳоӣ бо ҳисоби 5:0 муштазни узбек Хуҷаназар Нортоҷиевро мағлуб сохта, ба финал роҳ ёфт. Ҳамин тариқ, Хусравхони 23-сола аввалин муштзани тоҷик шуд, ки ба финали Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт. Ҳамзамон, дар рӯзи ҳаштуми мусобиқа Акмал Убайдов аз Тоҷикистон ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид”,- бо ифтихор гуфт сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Саидхоҷа Маъмуров.
Дар даври ниҳоӣ Хусравхон бо намояндаи Қазоқистон Оразбек Асилқулов ба майдони сабқат баромад ва бо қарори доварон (0:5) соҳиби ҷойи дуюм шуд. Тавре мураббии шоистаи Тоҷикистон, Саидхоҷа Маъмуров гуфт, муштзани тоҷик аз ин руҳафтода нест, зеро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд дурахшидан кори осон набуд.
“Ӯро оянда дар Бозиҳои олимпӣ дидан мехоҳем”
Сармурабби мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Саидхоҷа Маъмуров бар ин назар аст, ки Хусравхон Раҳимов имкони хуб дорад, ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирад ва он ҷо низ натиҷаи назаррас нишон диҳад.
“Ӯ аз назари равонӣ ва ҷисмонӣ қавӣ аст. Хуб аст, ки вай пеш аз рақобат баромадан хеле ором аст, асабонӣ намешавад. Ба изтироб наафтода, худро гум намекунад.
Ҳамчунин, интизоми намунавии вай боиси таҳсин аст. Дар майдони рақобат ва берун аз он низ ботамкин мебошад”,- иброз дошт Саидхоҷа Маъмуров.
Хусравхон Раҳимов: “Боз талош меварзам, то номбардори Ватану волидон шавам”
“Аз хурдӣ орзу мекардам, ки дар Чемпионати ҷахон оид ба бокс иштирок кунам. Бахт баландӣ кард, ки имрӯз ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон шудам. Дар макони баргузории он, шаҳри Дубай бо ситораҳои олами бокс шинос шудам.
Дар овони кӯдакӣ аз телевизион рақобати муштзанҳои кубагиро тамошо мекардам. Ҳавас мехӯрдам, ки мисли онҳо муштзанӣ кунам. Тасаввур кардан мушкил аст, ки имрӯз ба орзуҳои кӯдакиам наздик мешавам. Бояд минбаъд ҳам меҳнати зиёд кунам, то ба дастовардҳои бештар соҳиб шавам”, – гуфт Хусравхон Раҳимов.
Муштзани боистеъдоди тоҷик аз он изҳори хурсандӣ кард, ки дар толори варзишие, ки он ҷо мусобиқа ҷараён дошт, ҳамватанони зиёде барои мухлисӣ омаданд. Ӯ барои дастгирӣ ба мардуми тоҷик ва волидонаш арзи сипос кард.
Эҳсоси масъулият
Мураббиён ӯро ҳангоми ба ринг баромадан ба оғӯш кашида, гуфтанд, ки 10 миллион мардуми тоҷик моро тамошо доранд, барои ҳамин 100 фоиз масъулият эҳсос кун.
“Ин сухани онҳо ба ман ангеза бахшид. Ҳар муштзан ба Чемпионати ҷахон бо тайёрии ҷиддӣ меояд. Ҳама мехоҳанд, ки бурд намояд.
Ман низ аз кӯдакӣ кӯшиш мекардам, ки дар Чемпионати ҷаҳон ширкат варзида, парчами Тоҷикистонро парафшон кунам. Мураббиям Меъроҷ Умаров солҳои дароз тамринҳоро хуб гузаронида, маро барои расидан ба мақсадҳоям раҳнамоӣ мекард”, – афзуд муштзани тоҷик.
Мураббӣ: “Бо шогирдам ифтихор мекунем!”
Меъроҷ Умаров мураббии пуртаҷрибаи Мактаби варзишии № 4-и шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ беш аз 20 сол собиқаи устодӣ дорад. Хусравхон Раҳимов яке аз шогирдони мактаби бокси ӯст.
“Хусравхон ҳанӯз 10-сола буд, ки ба толори мо барои машқ омад. Аз рӯзҳои аввал эҳсос мешуд, ки ӯ бо чусту чолокии фавқулода аз дигар ҳаммашқонаш фарқ дорад. Ҳангоми машқ ҳар усулҳои ёд додаамро тез дарк сохта, онҳоро ба хуби дар майдон иҷро мекард”, – илова кард мураббӣ.
Ӯ якумин медали тилои шогирдашро хуб дар ёд дорад. Онро дар мусобиқае, ки дар Хуҷанд гузарониданд, ба даст оварда буд. Он вақт қаҳрамони мо 12-сола буд. Он замон ҳам чусту чолокии Хусравхон боис шуд, ки дастболо шавад.
“Доварон гуфта буданд, ки шогирдам нисбат ба рақибонаш тезҳаракат аст. Дар Чемпионати ҷаҳони сипаришуда ҳам дидем, ки вай ба ҳуҷумҳои ҳариф саривақт ва дуруст вокуниш нишон медиҳад. Аз лаҳзаҳои исти рақиб хуб истифода мекунад. Боз хуб аст, ки вай ҳангоми рақобат ба банди тарсу ваҳм намеафтад.
Дар баъзе мусобиқот ҳатто зарур намеояд, ки ба ӯ латта дошта, гарм кунем. Худаш бе мушкил ба мусобиқа ҷӯр мешавад”,- иброз дошт Меъроҷ Умаров.
Ба гуфтаи ин мураббӣ, падару модари Хусравхон Раҳимов хеле хурсанд аз онанд, ки фарзандашон дар варзиши касбӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодаааст.
Назари мухтасар ба корномаи Хусравхон Раҳимов
Хусравхон Раҳимов моҳи сентябри соли ҷорӣ дар вазни то 60 кг дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, иштирок карда, Тоҷикистонро шоиста муаррифӣ кард.
Ӯ дар даври ниҳоии ин мусобиқа бо ҳисоби 2:1 бар Исмоил Гурбанбердиев аз Туркманистон пирӯз шуда, соҳиби медали тило гардид. Пирӯзӣ дар шаҳри Актау барои варзишгар нахустин медали тилои байналмилалӣ миёни варзишгарони калонсол ба шумор меравад.
Қаблан Раҳимов дар вазни то 57 кг ҳунарнамоӣ мекард. Соли 2023 дар чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, ки дар шаҳри Бангкоки Таиланд баргузор шуда буд, медали биринҷӣ ба даст овард. Соли 2024 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар чемпионати Осиё буд.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс аз 120 кишвари дунё аз рӯи 13 категорияи вазнӣ муштзанҳо ҳунарнамоӣ карданд. Фонди ҷоизавии мусобиқа ба 8,32 миллион доллар баробар буд.
Варзишгари тоҷик бо гирифтани медали нуқра 150 ҳазор доллар ба даст овард, ки 50%-и он ба худаш, 25% ба мураббияш ва 25%-и дигар ба Федератсияи муштзании кишвар тақдим мегардад.
Файзуллохон Обидов
