Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:5726.07.2023
Дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияти сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2” манъ карда шуд.
Ин қарор тибқи ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон 21-уми июни соли равон тасдиқ шудааст.
Тавре сомонаи Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, “аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2” ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез эътироф гардида, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд”.
Тибқи изҳороти расмии Прокуратураи генералӣ ба ғайр аз ин тамоми сомона, вебсайтҳо ва саҳифаҳои интернетии гурӯҳи аъзоёни он дар шабакаҳои иҷтимоии “Телеграмм”, “Фейсбук”, “Ютуб”, “Инстаграм” низ дар ҳудуди кишвар баста шудаанд.
Ин ниҳод аз аксарияти аъзои он ном бурд. Гуфта мешавад, ки ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзоёнаш ғайриқонунӣ буда, мусоидат ва анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.
Радиои Озодӣ менависад, ки “дар ин гурӯҳи фейсбукӣ, умдатан навиштаҳои интиқодӣ аз ҳукумати Тоҷикистон ва барномаҳои “Гуруҳи 24”, як созмони мухолифи давлат нашр мешавад”.
Ҳафтаи гузашта Прокуратураи генералӣ саҳифаи “Памир дейли нюс”-ро низ экстремистӣ эълон карда буд.
Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон омадааст, ки барои ҳамкорӣ бо ташкилоти аз ҷониби суд экстремистӣ (ифротгаро) эътироф гардида, ба муҳлати аз 5 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Тайи соли ахир дар Тоҷикистон 8 нафар рӯзноманигорон ва блогерон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ташкилотҳои экстремистӣ ба муҳлатҳои аз 7 то 21 соли зиндон маҳкум шуданд.
Читайте также
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
12 часов назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
14 часов назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
4 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
4 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
6 дня назад