fbpx

Нотаи ҷавобии ВКХ–и Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон. Шарҳи нишасти садамивии чархболи низомиёни Қирғизистон

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Парчами тоҷикистон ва қирғизистон

Волидони наврасоне, ки худро аз ошёнаи сеюм партофтанд, ҷаримабандӣ шуданд

Раёсати ВКД дар шаҳри  Душанбе хабар дод, ки рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ ҳангоми мавриди санҷиш қарор додани маркази компютерии «Душанбе» бо мақсади пинҳон шудан аз ҷавобгарӣ, гурӯҳе аз хонандагон худро аз ошиёнаи 3-юм мепартоянд. Маълум гардидааст, ки чор ноболиғ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 – и ноҳияи Фирдавсӣ мебошанд

Вобаста ба ҳолати мазкур  волидайни чаҳор ноболиғ бинобар беназоратӣ ва вайрон намудани талаботи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷаримабандӣ шуданд”,- овардааст манбаъ.

РВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, хонандагони аз ошёнаи 3-юм парида, зарари ҷисмонӣ надиданд, вале наздикони ҷабрдидаҳо мегӯянд, онҳо ҳангоми паридан осеб дидаанд, вале аз тарси нозири милиса гурхетаанд. Яке аз хонандагон аз пушти сараш захм бардошта, ҳоло дар шифохонаи “Истиқлол” табобат мегирад.

Нотаи ҷавобии ВКХ-и Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Жаниш Рестенбеков сафири Қирғизистон дар робита ба изҳороти ҷониби Қирғизистон дар мавриди ин ки гӯё Тоҷикистон тавофуқоти ҳислшударо ба эътибор намегирад, нотаи эътирозӣ супурд. Субҳи имрӯз ВКХ Қирғизистон ба сафири кишвари мо дар он давлат нота супурда буд.

“Посбонони марзии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки пештар бар асоси пртоколи муштараки ду кишвар мушаххас, хатгузорӣ ва мувофиқа шуда буд. Марзбонони тоҷик қаламрави моро ҳимоя мекунанд ва ҷобаҷо кардани посбонони марзӣ бар асосии усули баробарӣ (паритет) сурат гирифтааст”, – гуфтанд дар ВКХ.

Қаблан расонаҳои Қирғизистон хабар дода буданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унҷу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контенерҳо насб кардаанд. Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.

Дар робита ба ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як изҳорот иддаои ҷониби Қирғизистонро рад карда, гуфтааст, ки ҷобаҷо кардани посбонон дар минтақаи мувофиқашуда сурат гирифтааст.

Шаҳрдории Исфара ҳуҷҷатҳои сокинонро, ки дар даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон нобуд гаштанд, барқарор намуд

Масъулини бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Исфара ҳуҷҷати 28 сокини деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳро, ки бар асари даргириҳои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нобуд гардида буданд, барқарор карда, ба соҳибонашон супориданд, – хабар медиҳад шаҳрдории Исфара.

Ба “Азия-Плюс” дар дафтари матбуоти ҳукумати Исфара гуфтанд, ки ҳамзамон аз ҷониби шуъбаи САҲШ-и шаҳри Исфара ба 447 нафар эҳтиёҷмандон шаҳодатномаи навзодӣ, зоднома ва шаҳодномаҳои ислоҳию такрорӣ низ дода шуд.

Ҳамчунин дар ин минтақа ситоди корӣ ташкил шудаву манзилҳои истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудаанд барқарор хоҳанд шуд. Бино ба иттилои расмӣ тамоми ин хароҷот аз ҳисоби давлат хоҳад буд.

Шарҳи нишасти садамивии чархболи низомиёни Қирғизистон

Мақомоти Қирғизистон сабаби фуруди изтирории чархболи низомиро дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон эълом карданд.

“Фуруди изтирории чархболи Вазорати мудофиаи Қирғизистонро дар наздикии марз бо Тоҷикистон аз сабаби мушкилотҳои техникӣ, ба вуҷуд омад”, – хабар додааст манбаъ.

Мувофиқи маълумот, дар ин ҳодиса касе кушта нашудааст, аммо чаҳор мусофир ҷароҳат бардоштаанд. Дар маҷмӯъ, дар ҳавопаймо 15 нафар қарор доштанд.

Ин чархбол самти ноҳияи Чон – Алай, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, ҳаракат дошт.

Қаблан хабар доданд, ки дар дохили чархбол роҳбари КДАМ и Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳузур дошт. Баъдан маълум гашт, ки ин ҳолати Қамчибек Тошиев хуб асту ӯ дар дохили чархбол набудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend