Номзадии Юсуф Раҳмон барои барканорӣ аз курсии прокурори генералӣ

Имрӯз, 23-юми январ президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ барои аз вазифаи прокурори генералӣ озод намудани Юсуф Раҳмон пешниҳод ирсол кард.

Дар ин бора хадамоти матбуоти роҳбари давлат хабар дод.

Гуфта мешавад, сабаби ин пешниҳод “ба кори дигар гузаштан”-и Юсуф Раҳмон аст, аммо гуфта намешавад, ки ӯ ба кадом мансаб таъйин шудааст.

Ҳамин тариқ, президент ба Маҷлиси миллӣ дар пешниҳод кардааст, ки Ҳабибулло Воҳидзода муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон ба ҷойи Юсуф Раҳмон прокурори генералӣ таъйин карда шавад. Ӯ пеш аз он раиси Агентии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир буд.

Юсуф Раҳмон аз 24-уми январи соли 2015 – 10 сол дар курсии прокурори генералии Тоҷикистон нишаст.

Skip to toolbar