fbpx

Номаи ҷонгудоз ва нигаронии нависандаи маъруф Холид Ҳусайнӣ аз ояндаи Афғонистон

Холид Ҳусайнӣ дар номаи худ аз ваҳшигариҳои Толибон дар солҳои 90-ум ва беҳуқуқии занони афғон ёдовар шудааст.


0

Нависандаи маъруфи афғонитабори муқими Амрико Холид Ҳусайнӣ, муаллифи китобҳои пурфурӯштарини “Бодбодакбоз” (Бегущий за ветром) ва “Ҳазор хуршеди тобон” (Тысяча сияющих солнц) аз воқеаҳои охир ва забти Афғонистон аз ҷониби Толибон нигарон шуда дар саҳифаи Facebook-аш номаи кушодаи пурсӯзе навишта, аз ояндаи кишвараш нигаронӣ кардааст.

Гуруҳи дар Тоҷикистон мамнӯъӣ Толибон рӯзи 15-уми август, аз ишғоли Арги Кобул ва назорати тамоми қаламрави Афғонистон, истисно Панҷшер хабар доданд. Президенти собиқ Ашраф Ғанӣ пас аз забти Арг ба Уммон фирор кард. Пас аз ин ҳамсоякишварро воҳима фаро гирифт ва ҳавопаймоҳои низомӣ шаҳрвандони хориҷиро аз қаламравӣ Афғонистон берун мебурданд. Инчунин, қисми зиёдт сокинон низ мехостанд, тавассути н ҳавопаймоҳо кишварро тарк кунанд.

“Худамро нотавону оҷиз эҳсос мекунам”

Холид Ҳусайнӣ мактубро аз ёдоварии даврони кӯдакиаш шурӯъ карда, нигаронии худро нисбати тақдири амакдухтараш ва кулли занони афғон баён мекунад.

“Амакдухтарам дар шаҳри Ҳирот дар ғарби Афғонистон зиндагӣ мекунад. Ёд дорам, ки солҳои 1970-ум мо якҷо бузург шуда, бо ҳам рақсу бозиву хурсандӣ мекардем. Ӯро тақрибан 50 сол боз надидаам. Дар хотираам ӯ ҳамчун ҷавондухтари зебои чашмони сабзгун дошта, бо доғҳои кунҷитак ва табассуми гарму ҷаззоб нақш бастааст.

Ман дирӯз ба ӯ занг задам. Дар садояш тарсу ҳарос эҳсос мешуд. Ӯ гуфт, ки фарзандони калониаш аз Ҳирот ба Кобул (ин навишта пеш аз Кобулро ғасб кардани Толибон нашр шудааст) паноҳ бурданд ва ӯ худаш бо як писараш дар шаҳр қарор дорад, ки зери асорати Толибон аст”,- навиштааст Ҳусайнӣ.

Нависандаи маъруф дар номаи сарвояш ба сарнавишти духтарон ва занони афғон таваҷҷӯҳ кардааст, ки замони ҳукмронии Толибон дар солҳои 1990-ум онҳо бераҳмона муҷозот ва саркӯб мешуданд.

– Маро ғам мекушад, худамро нотавону оҷиз эҳсос мекунам. Ман аз амакдухтарам нигаронам. Инчунин, ба миллионҳо халқи афғон, ки айни замон бехонумон шудаанду бо марг даст ба гиребонанд, нигарон ҳастам. Онҳо куҷо мераванд? Бо онҳо чӣ мешавад? Эҳтимолан, ҳеҷ кас намедонад. Аммо маро бештар ояндаи хоҳарони афғонам ташвиш медиҳад. Онҳо назар ба дигар қишри ҷомеаи афғон зарари бештар мебинанд.

Аз ҳукмронии қаблии Толибон дар Афғонистон, тасвирҳои даҳшатнок боқӣ мондаанд: латукӯб дар мазҳари ом, буридани дастҳо, қатл дар варзишгоҳҳо, ваҳшиёна нест кардани осори таърихӣ. Аммо, дар хотири ман, Толибони солҳои 1990-ум ҳамчун нафарони калтакбадасти занони ҳиҷобпӯшро азият медода, нақш бастааст, – ёдовар шудааст нависанда.

“Толибон мунтазам занонро террор мекарданд”

Холид Ҳусайнӣ ҳамчунин дар мактуби кушдоааш ба худ якчанд савол дода, аз ваъдоҳои феълии Толибон изҳори нобоварӣ кардааст.  

“Толибон мунтазам занонро террор мекарданд. Онҳо мустақилият, ҳуқуқи кору таҳсил, овехтани ҷавоҳирот, рангубори нохунҳо, ҳуқуқи хандидан дар мазҳари ом ва ҳатто нишон додани чеҳраашонро аз занон гирифта буданд.

Оё боз ҳамин чиз амакдухтарам ва духтаронашро интизор аст? Дар бораи афғонзанони бешумори ҷасур, ки тӯли 20 соли охир барои мустақилият ва ҳифзи шаъну шарафашон мубориза бурдаанд, чӣ ҳам метавон гуфт? Наход, боз занони афғонро дар хонаҳо зиндонӣ кунанд? Наход, онҳо боз дар кӯчаву хиёбонҳо латукӯб шаванд? Боз барои онҳо кор карданро манъ мекунанд? Синфҳои мактабии духтарона боз холӣ хоҳанд шуд? Оё боз чеҳраҳо ва садои занона аз садову симои Афғонистон нопадид мешаванд? Оё Афғонистон бори дигар аз ними аҳолиаш даст мекашад?

Баъзеҳо мегӯянд, ки Толибон шояд тағйир ёфта бошанд. “Дар ҳақиқат ҳамин тавр аст? Инро рӯзҳо, ҳафтаҳо ва шояд моҳҳои оянда нишон хоҳанд дод. Дарвоқеъ, наворҳои ахир аз Ҳирот ин умеди кӯчакро низ барҳам медиҳад. Дар навор сарбозони толиб ба истилоҳ “дуздонро” дар шаҳр кашола мекарданд. Ин манзара тасвири солҳои 1997-ро пеши назар меорад”, – гуфтааст, ин нависандаи маъруф дар номааш.

Холид Ҳусайнӣ барои кӯмак ба мардуми зодгоҳаш муроҷиат кардааст, аммо навиштааст, ки намедонад кӯмакро аз куҷо мунтазир шавад.

“Пас, агар Толибон тағйир накардаанд ва чизе ба онҳо монеъ намешавад, ки қонунҳои ваҳшиёна ва ғайриинсонии худро ба сари мардуми пуртоқат таҳмил кунанд, чӣ бояд кард? Бо занону духтарон чӣ мешавад? Аз куҷо метавон кӯмакро интизор шуд? Ман ҷавобе надорам. Ҳаминро медонам, ки қалбам пур аз ғам аст. Имрӯз барои умеду орзуҳои аз дастрафтаи ҳамватанонам мотам мегирам”, – менависад ӯ.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
3
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend