Ғарқшавӣ дар обҳои Тоҷикистон

Ноболиғи 16-сола дар Сирдарё ғарқ шудааст

Дирӯз, 18-уми июн як ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми оббозӣ дар минтақаи манъшудаи Сирдарё ғарқ шудааст.

“Ғаввосони Гурӯҳи махсуси наҷотдиҳии зудамали Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ҳудуди ҳодисаро аз назар гузаронида, дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади наврасро пайдо ва аз об берун оварданд. Ҷасад ба мақомоти дахлдор супурда шуд”,- хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Хатлон дар кӯлу дарёҳои ин вилоят аз оғози мавсими оббозӣ 22 нафар ғарқ шудаанд. Бештари ғарқшудагон ноболиғон будаанд.

Омилҳои асоси ғарқшавии сокинон дар вилояти Хатлон набудани ҷойҳои махсуси оббозию истироҳатӣ, надонистани қоидаҳои дурусти шиноварӣ ва беназоратии падару модарон дониста мешавад.

Дар умум, аз аввали сол 65 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки 36 нафари онҳо кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд.

Кумита бори дигар бо муроҷиат ба аҳолии кишвар, даъват менамояд, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд, дар назди обанборҳо ва дар об қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя кунанд.

Skip to toolbar