Марде дар Турсунзода ҳамсарашро кушт

Ноболиғи 14-сола дар Душанбе бо корд марди 42-соларо захмӣ кард

Ноболиғи 14-солаи сокини шаҳри Душанбе барои бо корд захмӣ кардани марди 42-сола дастгир карда шудааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳодиса 22-юми апрел, тахминан соати 01:00 дар кӯчаи Испечаки пойтахт рух додааст.

“Ноболиғ 22-юми апрел, тахминан соати 01:00, ҳангоми дар кӯчаи Испечаки пойтахт қарор доштанаш бе ягон асос бо марди 42-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1 маротиба ба шикамаш задааст”,- омадааст дар хабар.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Кормандони милитсияи пойтахт зимни як чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғи 14-соларо бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд. Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилӣ аз кушодани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Балҷувон барои бо корд ба ҳалокат расонидани шавҳари хоҳараш ва як ноболиғи 17-солаи дигар дар шаҳри Норак барои бо корд захмӣ кардани ду ҳамсолаш хабар дода буд.

Skip to toolbar