Аз имрӯз, 5 феврали соли 2025 дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ низоми ихроҷ ҷорӣ карда мешавад. Ин низом нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Русия ҳастанд, аммо барои дар он ҷо будан асосҳои қонунӣ надоранд, татбиқ мешавад.
Шаҳрвандоне, ки барои дар Русия будан асос надоранд, аз кишвар хориҷ карда мешаванд. Пеш аз ихроҷи аз Русия нисбати онҳо чораҳои маҳдудкунанда андешида мешаванд.
Барои татбиқи низоми ихроҷ ва баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия қарор доранд ва барои истиқомат (зиндагӣ) асосҳои қонунӣ надоранд, Феҳристи шахсони назоратшаванда ҷорӣ карда мешавад.
Маълумоти бештарро дар ин навор бубинед:
Маълумот ба Феҳристи шахсони назоратшаванда дар ҳолатҳои:
- гузаштани муҳлати истиқомати муваққатӣ ё муҳлати истиқомат дар асоси РВП/РВПО/ВНЖ;
- убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Федератсияи Русия;
- бекор кардани раводид, РВП/РВПО/ВНЖ;
- рад кардани эътирофи гуреза, додани паноҳандагии муваққатӣ;
- ҷазои маъмурӣ дар шакли ихроҷи маъмурӣ берун аз ҳудуди ФР;
- қарор дар бораи кам кардани мӯҳлати будубоши муваққатӣ, депортатсия, реадмиссия, номатлуб будани будубош (зиндагӣ) дар ФР, иҷозат надоштан барои вуруд ба ФР ё маҳдудияти сафар ба берун аз ҳудуди ФР;
- қарор дар бораи қатъи шаҳрвандии ФР дар сурати набудани асосҳои қонунӣ барои дар Русия будан;
- айбдор эътироф шудани шаҳрванди хориҷӣ дар содир намудани ҷиноят ворид карда мешавад.
Феҳристи шахсони назоратшаванда дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Русия ҷойгир карда мешавад ва аз 5 март барои истифодаи оммавӣ дастрас хоҳад буд.
Феҳрист маълумоти зеринро дар бар мегирад: ному насаби шаҳрванди хориҷӣ, санаи таваллуд, рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият.
Аз имрӯз, 5 феврали соли 2025 сарҳадбонон барои рад кардани вуруд асосҳои бештар пайдо мекунанд, аз ҷумла онҳо метавонанд барои рад кардан бе муроҷиат ба дигар мақомот қарор қабул кунанд, агар шаҳрванди хориҷӣ ба амнияти Русия таҳдид кунад.
Қаблан Вазорати меҳнати Тоҷикистон феҳристеро нашр карда буд, ки номи 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро дар он буд. Маълумоти бештарро дар бораи феҳристи шахсони назоратшаванда дар ин ҷо хонед.
Будан ё набудани номи худро дар ин рӯйхат бо боти Вазорати меҳнат дар телеграмм https://t.me/mehnat_tj_bot тафтиш карда метавонед. Барои ба кор даровардани бот, шумо бояд ба канали Вазорати меҳнат дар телеграмм обуна шавед ва сипас санаи таваллуди худро ворид кунед.
Ба феҳрист афтидани номи муҳоҷир чӣ таҳдидҳо дар пай дорад
Пеш аз ҳама таҳдид ба ихроҷшавӣ. Яъне, нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки дар феҳрист қарор доранд, низоми махсуси ҳуқуқӣ – низоми ихроҷ татбиқ карда мешавад.
Низоми ихроҷ инчунин додани маҷмӯи махсуси ҳуқуқ ва уҳдадориҳои марбут ба амали худи ин низомро дар бар мегирад.
Аз ҷумла, хориҷиён метавонанд:
- аз мақомоти ваколатдор оид ба асосҳои татбиқи низоми ихроҷ асосноксозии сабабҳои ихроҷро дархост намоянд;
- аз болои қарорҳо бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти болоӣ ё суд шикоят кунанд.
Уҳдадориҳои шахси назоратшаванда инҳоянд:
- ҳозир шудан бо даъвати Вазорати корҳои дохилии Русия;
- иҷрои талабот, манъкунӣ ва маҳдудиятҳои муқаррарнамуда тибқи Қонуни федеролӣ аз 25 июли соли 2002 №115-ФЗ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия” (минбаъд Қонуни № 115-ФЗ);
- ба Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи ҷойгиршавии худ хабар додан; ҳолатҳое, ки ба саривақт баромадан аз ФР монеъ мешаванд; иваз кардани ҷои будубош бе иҷозати дахлдори мақомоти ваколатдор, агар ин ҳолат бидуни сабабҳои узрнок ба вуҷуд омада бошад; сана, ҷой ва масири баромадан аз ФР.
Инчунин шаҳрванди хориҷие, ки дар феҳрист қарор дорад, ҳуқуқи содир кардани бисёр амалҳои оддиро аз даст медиҳад, аз ҷумла, наметавонанд:
- ширкат ё соҳибкории инфиродӣ таъсис диҳанд;
- хариди амволи ғайриманқул, мошин ва дигар таҷҳизот. Наметавонад амволи ғайриманқулро ба қайди кадастрии давлатӣ гузоранд ё ҳуқуқи ба қайди давлатӣ гузоштани воситаҳои нақлиётро надоранд. Ғайр аз ин, ҳатто ронандагӣ карда наметавонанд ва инчунин ба имтиҳон барои гирифтани шаҳодатнома роҳ дода намешаванд, шаҳодатномаи ронандагӣ гирифта ё иваз карда наметавонанд;
- кушодани суратҳисоби бонкӣ, гузаронидани амалиёти дигар. Ба шахсони назоратшаванда иҷозат дода мешавад, ки пулро танҳо барои пардохти пардохтҳои ҳатмӣ тибқи қонунҳои ФР интиқол диҳанд, интиқолро ба суратҳисоби худ қабул кунанд ва то 30 ҳазор рублро дар як моҳ барои эҳтиёҷоти шахсӣ бозпас гиранд;
- издивоҷ кунанд;
- агар иҷозати дахлдори мақомоте, ки чунин шахсони хориҷиро назорат мекунад, ба даст наояд, ҷои истиқомат ё будубошро иваз кунанд;
- берун аз ҳудуди субъект ё моликияти ФР раванд (аммо дар баъзе ҳолатҳо метавонед аз ФР хориҷ шавад);
- амалҳои дигаре, ки қонун ба ӯ манъ кардааст, ба монанди муассис ё иштирокчии ташкилоти ҷамъиятӣ е динӣ шаванд.
Илова бар ин, дар доираи низоми ихроҷ шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд:
- аз шахси назоратшаванда ҳуҷҷатҳо ва маълумотеро, ки барои назорат заруранд, талаб карда гиранд;
- ба биноҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳое, ки дар онҳо шахси назоратшаванда қарор дорад (зиндагӣ мекунад) ё дар айни вақт ҷойгир аст, дастрасӣ пайдо кунанд;
- аз ташкилотҳо, аз ҷумла бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ (қарзӣ-молиявӣ) ва ташкилотҳое, ки намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкиро иҷро менамоянд, ҳуҷҷатҳо ва маълумот дар бораи мавҷудият ва рақамҳои суратҳисобҳои бонкии шахси назоратшаванда, инчунин ҳуҷҷатҳо ва маълумот дар бораи гардиши маблағҳои пулӣ дар чунин суратҳисобҳо, ки барои назорати шахси назоратшаванда заруранд, аз ҷумла дорои сирри бонкиро дастрас кунанд;
- дар ҳудуди субъект ё моликияти ФР, ки дар он шахси назоратшаванда истиқомат (зиндагӣ) мекунад, сафар ба ҷойҳои эҳтимолии будубоши шахси назоратшаванда ва тафтиши чунин ҷойҳо амалӣ кунанд;
- дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории ФР-ро амалӣ намоянд.
Илова бар ин, аз соли нав Вазорати корҳои дохилӣ метавонад муҳоҷиронро аз Русия бе қарори суд ихроҷ кунад.
Шартҳои иловагии будубоши (зиндагӣ)-и шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР
Аз имрӯз, 5 феврали соли 2025 барои истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия шартҳои иловагӣ ҷорӣ карда мешавад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар давраи будубош (зиндагӣ) дар қаламрави ФР вазифадоранд, аз фаъолиятҳое, ки ба манфиатҳои Русия зарар мерасонанд, худдорӣ кунанд, Конститутсияи ФР ва қонунгузории Русияро риоя кунанд, аз ҷумла:
- бо муҳити зист, захираҳои табиӣ, арзишҳои моддӣ ва фарҳангӣ эҳтиёткор бошанд;
- ба гуногунии тарзи ҳаёти минтақавӣ ва фарҳангии халқҳои Русия эҳтиром гузоранд;
- ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони ФР, фаъолияти мақомоти ҳокимияти ҷамъиятии ФР ва шахсони мансабдори онҳо монеъ нашаванд;
- ба сиёсати давлатии хориҷӣ ва дохилии Русия, аз ҷумла амалӣ накардани амалҳое, ки ба қабул, тағйир, бекор кардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона шудаанд, дахолат накунанд.
- арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқии Русия, аз ҷумла тасаввурот дар бораи издивоҷро ҳамчун иттифоқи марду зан, оила, модарӣ, падарӣ, кӯдакӣ эҳтиром намоянд, талаботро дар бораи ғайри қобили қабул будани таҳрифи ҳақиқати таърихӣ дар бораи ҷасорати халқи шӯравӣ дар ҳимояи Ватан ва саҳми он дар ғалаба бар фашизм риоя намоянд;
- аз маблағгузорӣ ва дигар мусоидат ба фаъолиятҳое, ки шартҳои дар боло зикршударо вайрон мекунанд ва ҷалби шахсони дигар ба он худдорӣ намоянд.
Қабули фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактабҳои Русия манъ карда мешавад
Аз имрӯз, 5 феврали соли 2025, тибқи Фармони Вазорати корҳои дохилии ФР аз 28.11.2024 № 824, агар нисбати шаҳрванди хориҷии ноболиғ дар бораи номатлуб будани будубош қарор қабул карда шавад, нисбати волидон (намояндагони қонунӣ) низ дар бораи номатлуб будани будубош дар қаламрави ФР қарор қабул карда мешавад.
Аз 1 апрели соли 2025 дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки ба мактабҳои Русия қабул кардани кӯдакони муҳоҷиреро, ки забони русиро намедонанд, манъ мекунад.
Тибқи ин санад, кӯдаконе, ки аз санҷиши забони русӣ бомуваффақият гузашта наметавонанд, ба таҳсил роҳ дода намешаванд. Санҷиши дониши забони русиро хориҷиён аз 1 апрели соли 2025 месупоранд.
Дар ҳамин ҳол, санҷиш ройгон буда, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ё хусусӣ гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани имтиҳонро Вазорати маориф муайян мекунад. Рособрнадзор бо дастгирии методии тестҳо, инчунин муқаррар кардани меъёрҳои арзёбӣ ва баҳои ҳадди ақали гузариш машғул мешавад.
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо