fbpx

Низоми бераводид ба шаҳрвандони 25 давлати ҷаҳон

Инчунин ба шаҳрвандони синну солашон аз 55 болои 16 давлат низоми бераводид ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда шуд.


0

Тоҷикистон ба шаҳрвандони 25 давлат низоми бераводиди яктарафа ҷорӣ намуд. Ин низом аз имрӯз, 1-уми май мавриди амал қарор мегирад. Дар ин бора ВКХ-и Тоҷикистон хабар дод.

Ин иқдом дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, №190 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464” гирифта шудааст.

Тибқи ин қарор шаҳрвандони Андорра, Баҳамас, Босния ва Гертсеговина, Бразилия, Булғористон, Коста Рика, Кипр, Ирландия, Малта, Ҷазираҳои Маршал, Мексика, Муғулистон, Черногория, Умон, Руминия, Сент-Китс ва Невис, Сент-Люсия, Сан-Марино, Сербия, Словакия, Словения, Соломон, Сент-Винсент ва Гренадинӣ, Ватикан ва Давлати Фаластин, ки бо шиносномаҳои дипломатӣ ё хидматӣ ҳастанд, ҳуқуқи будубош ва баромадан аз қаламрави Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯзро доранд.

Инчунин тибқи ҳамин қарор ба шаҳрвандони синну солашон аз 55 болои 16 давлат низоми бераводид ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда шудааст.

Шаҳрвандони Албания, Алҷазоир, Барбадос, Вануату, Чин, Доминика, Фиҷӣ, Лаос, Лубнон, Мадагаскар, Марокаш, Мақдунияи Шимолӣ, Никарагуа, Панама, Тунис ва Ветнам ба ин рӯйхат дохил мешаванд.

Ҳамзамон, барои шаҳрвандони 14 кишвар: Ҷазираҳои Маршал, Соломон, Вануату, Судон, Мадагаскар, Давлати Фаластин, Гаити, Уганда ва Сурия, Ироқ, Нигерия, Эфиопия, Руанда, Конго (нисбати раводиди дипломатии навъи “Д”, раводиди хизматии навъи “Х” ва раводиди кории навъи “К”) ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Тоҷикистонро дода шуд.

Қайд мегардад, ки шаҳрвандони давлатҳои номбаршуда, ки ба муҳлати зиёда аз 14 ва ё 30 рӯз ба мақсади корӣ, таҳсил, истиқомати доимӣ ва ё дигар мақсади ғайри сайёҳӣ ба Тоҷикистон ворид мегарданд, уҳдадоранд қабл аз сафар ба Тоҷикистон раводиди ба мақсади будубош мувофиқро ба расмият дароранд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Аргентина, Белгия, Олмон, Белгия, Канада, ИМА, Фаронса ва ғайра низоми бидуни раводид ҷорӣ карда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend