Пайвандони Рамзӣ Калонов, сокини 19-солаи шаҳри Душанбе, аз мақомоти Тоҷикистон тақозо доранд, ки марги ногаҳонии ӯро дар артиш пурра таҳқиқ кунанд ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ин бора Радиои Озодӣ гузориш дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Рамзӣ Калонов моҳи апрели соли ҷорӣ ба хизмат рафта, дар як қисми ҳарбии Нерӯҳои марзбонии Истаравшан хизмат мекард. Ҷасади ӯро охири моҳи ноябр ба хонааш овардаанд. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки аз қисмиҳарбӣ сабаби фавтро бемории қалб гуфтаанд, аммо хонавода ба ин хулоса шубҳа дорад.
“Вақте ҷасадро оварданд, кафанро кушодам. Нисфи сараш набуд, аз зери манаҳ то нофашро чок карда буданд”, – гуфтааст ба Радиои Озодӣ Рубина Амрихудоева, модари сарбоз.
Мақомот дар бораи марги Рамзӣ Калонов ба Озодӣ расман шарҳ надодаанд. Танҳо як фармондеҳи қисми ҳарбӣ ба ин расона гуфтааст, ки додситонии ҳарбии Суғд қазияро таҳқиқ мекунад, вале тафсилот надодааст.
Наздикони сарбоз гуфтаанд, ки ба онҳо ягон санади расмӣ пешниҳод нашудааст ва мақомот низ тафсилоте намедиҳанд.
Рамзӣ Калонов пас аз ихроҷ аз Русия моҳи апрел ба артиш бурда шудааст. Хонаводааш дар гузориш гуфтаанд, ки ӯ дар суҳбатҳои телефонӣ “ҳеҷ гоҳ дарди дили худро намегуфт”, то наздиконаш нигарон нашаванд.
Пайвандони Рамзӣ Калонов аз президенти Тоҷикистон ва дигар масъулон хостаанд, ки ба қазия дахолат кунанд, то марги сарбоз бо адолат таҳқиқ шавад.
