Нигаронии вазири маориф аз вазъи мактабҳои Ҳисор

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода рӯзи 5-уми май бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия, корҳои ободонӣ, шароити синфхонаҳо ва интизоми меҳнат бидуни огоҳӣ аз як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор боздид кардааст.

Акс: Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Дар ин бора Вазорат дар саҳифаи фейсбукиаш бо нашри чанд акс хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиш маълум гардид, ки дар баъзе мактабҳои шаҳр корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ, ҳамчунин интизоми меҳнат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудаанд.

Аз ҷумла, мудир (Бобоёров Зокирҷон) ва муовини хоҷагидории (Муҳиддинов Маҳмадшоҳ) муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, ки 913 хонандаро дар ду баст таълим медиҳад, дар соати корӣ дар ҷои кор набуданд.

Иштироки хонандагон дар ду синф ба таври назаррас паст буда, сатҳи дониш ва омодагии онҳо низ ташвишовар арзёбӣ шуд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, на омӯзгор ва на хонандагон либоси тавсиявии мактабро риоя намекарданд.

Ба навиштаи Вазорат, ҳолати яке аз синфҳо ва дар умум, мактаби мазкур “ба одитарин талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй набуданд”.

Мувофиқи натиҷаҳои боздид, вазир таъкид намуд, ки “камфаъолиятӣ ва беэътиноии бархе аз роҳбарони мактабҳо” ба сифати таълим ва тарбияи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ҳамин ҳол, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, ки дар он 2668 хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд, вазъи иштирок дар дарсҳо ва атрофи мактаб нисбатан беҳтар арзёбӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, гуфта мешавад, ба дарс наовардани китобҳои дарсӣ аз ҷониби хонандагон нигаронкунанда аст.

Вазир таъкид намудааст, ки барои таъмини шароити муносибу замонавии таълим ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.

Skip to toolbar