fbpx

Нигаҳбони таърих. Чӣ тавр як пирамард дар Хуросон осорхона ташкил кард

Ӯ беш аз 50 сол боз нигораҳои қадимиро ҷамъ меорад.


0
Омӯзгори тоҷик осорхона ташкил кардааст
Бобоҷон Раҷабов, таъсисдиҳандаи осорхона

Бобоҷон Раҷабов, омӯзгори фанни таърих, ки 83 сол дорад, ба ҷамъоварии нигораҳои нодири таърихӣ машғул аст. Ин шуғлро аз даврони шӯравӣ оғоз карда буд. Ҳоло бо гирд овардани қариб 1000 адад ёдгории қадимӣ дар назди мактаби деҳаааш дар ноҳияи Хуросон осорхона ташкил кардааст.

Муаллифи Your.tj ба ин ноҳия рафта, бо мудири осорхона суҳбат анҷом дод ва аз шуғли ғайриодии ин пирамард нақл кард.

Омӯзгори тоҷик бо шогирдон

Кӯмаки шогирдон дар ҷамъоварии нигораҳо

Бобоҷон Раҷабов, директори осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ба номи “Ойматов Муҳаммадраҷаб” – и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумрии №14 – и ноҳияи Хуросон аст. Муассиса дар деҳаи Сарбанди ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи мазкур қарор дорад.

Ӯ мегӯяд, ки ҷамъоварии экспанатҳо ва ҳифзу нигоҳдории онҳо дар як шароити русто кори осон нест. Бо вуҷуди ин беш аз 900 ёдгории қадимиро аз нестшавӣ наҷот додааст. Ҳар яки онҳо таърихи чанд ҳазорсолаи милати тоҷикро бозгӯйӣ мекунанд.

Бобоҷон Раҷабов хатмкардаи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Соли 1965 баъди хатми донишгоҳ дар мактаби деҳааш ба кор оғоз мекунад. Беш аз 50 соли умри худро ба таълиму тарбия бахшидааст. Зимни гузаронидани дарсҳо мехост бештар аз аёниятҳо истифода барад, то хонандагон бубинанд ва чизе омӯзанд.

Бозёфтҳо дар осорхонаи омӯзгори тоҷик
Бозёфтҳои осорхона

Ягона сабаби гирд овардани ёдгориҳои таърихӣ ва ташкили осорхона фаъолияти омӯзгорияш мебошад. Аввалин маротиба соли 1970 ба ҷамъоварии нигораҳо оғоз кардааст. Гоҳо экспанатҳоро дар хонаи шогирдонаш мушоҳида мекард. Зеро ҳангоми корҳои хоҷагӣ дар деҳа мардум осори қадимиро бисёр меёбанд.

«Ба хонандагон мегуфтам, ки агар нафаре барои ман як нигораи қадимӣ биёрад, барояш ифтихорнома медиҳам. Сухани маро шогирдон дар замин намонда, дастгирӣ карданд. Зимни гузаронидани маҷлисҳои падару модар мақсадамро ба мардум мефаҳмондам.

Мардум кӯза, кафш, сангҳои қадимӣ, чодарию тоқӣ ва амсоли инҳоро ба осорхона оварда, туҳфа карданд»,- мегӯяд Б. Раҷабов.

“Нигораҳое дорам, ки шояд дар осорхонаи ҷумҳурӣ набошад”

Баъзе бозёфтҳои осорхонаи Бобоҷон Раҷабов таърихи беш аз 5 ҳазорсола доранд. Онҳо тақрибан аз 7 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бозёфт ва ба осорхона оварда шудаанд.

Ин таърихшинос мегӯяд шогирдоне, ки барояш экспанатҳо оварданд, аксҳояшонро гирифта, зери ашёи овардаашон гузоштааст. Ҳоло аввалин шогирдонаш соҳиби набера ҳастанд. Гоҳо набераҳояшон ному насаб ва акси бобою бибияшонро дар осорхонаи муассиса дида, ифтихор мекунанд.

Кӯза, зарфҳои сафолин, сангҳои қиматбаҳо, кафш, чодару сӯзаниҳо, тангаву пулҳои қадимӣ аз зумраи бозёфтҳои ин осорхона мебошанд. Ин экспанатҳо дар замони Иттиҳодияи Шӯравӣ борҳо зимни сафарҳои ҳунарӣ намоиш дода шудаанд.

Нигораҳои таърихӣ дар осорхона

«Нигораҳое дорам, ки шояд дар осорхонаи ҷумҳурӣ набошад. Масалан бели сафолин дорам, ки дар ҳамон давра мардум бо чунин бел заминҳояшонро шудгор мекарданд. Муҳри сафолин дорам, ки он таърихи чандҳазорсола дорад.

Дар як санг чизе навишта шудааст. То ба имрӯз олиме наёфтем, ки он навиштаҷотро хонда мазмунашро ба мо фаҳмонад»,- нақл мекунад роҳбари осорхона.

Як пиразани ӯзбектабори деҳа ба осорхона пули давраи аморати Бухороро туҳфа кардааст, ки таърихи 120 – сола дорад. Дар осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ба номи Ойматов Муҳаммадраҷаб шумораи нигораҳои қадимӣ аз ҳазор беш буд.

Раҷабов мегӯяд, 60 адади онҳоро ба осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии вилояти Хатлон ва 60 адади дигарро ба осорхонаи ноҳия туҳфа кардааст.

Туҳфа ба Президент

Қаҳрамони мо мегӯяд, ин нигораҳо дар назари тамошобинон як чизи одӣ метобанд. Вле инҳо таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷикро бозгӯйӣ мекунанд.

«Чанд сол пеш як сокини деҳа хона бунёд мекунад. Барои девор кардан аз пушти масҷиди деҳа хок мебарад. Ҳангоми лой кардан аз даруни хок як табақи сафолин пайдо карда, ба осорхона оварда туҳфа мекунад.

Баъди чанд сол зимни сафари президент ба ноҳияи Хуросон ман ҳамон табақи сафолинро ба ӯ тӯҳфа кардам. Роҳбари давлат гуфт, ки ин табақро ба осорхонаи пойтахт баред»,- нақл мекунад омӯзгор.

Омӯзгори тоҷик дар осорхона

Барои нигоҳдории нигораҳо шароити беҳтар лозим аст

Бобоҷон Раҷабов кайҳо ба синни нафақа расида бошад ҳам, вале осорхона шуғли ҳамешагияш боқӣ мондааст. Дари ин даргоҳро ҳамеша барои тамошобинон боз мемонад. Худаш ба онҳо дар бораи ин нигораҳои таърихиро нақл мекунад.

Ба дафтари қайдаш менигараду шумораи меҳмононро мешуморад. Дар соли 2022 беш аз 300 нафар меҳмони осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии Ойматов Муҳаммадраҷаб шудаанд. Дар миёни онҳо хориҷиён низ ҳастанд.

Ҳоло ин таърихшинос мехоҳад, ки мақомоти маҳаллӣ порчаи замин барои сохтани бинои нави осорхона ҷудо намояд, то ёдгориҳои таърихиро дар шароити беҳтар нигоҳдорӣ кунад.

Амонҷон Муҳиддинов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend