Қарори ҳукумат дар бораи таъсиси Агентии назорати давлатии энергетикӣ 28-уми марти соли 2025, як рӯз пас аз пешниҳоди ҷазо аз ҷониби президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои насупоридани пули барқ ва дуздии он ба имзо расид.
Нусхаи қарор дар пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлия ҷой дода шудааст.
Агентӣ дар назди президент ташкил мешавад. Он бояд то охири моҳи апрел ба фаъолият шуруъ кунад.
Тибқи қарор, шумораи кормандони Агентӣ 157 нафар (ғайр аз ҳайати хизматрасон) муайян карда шудааст, ки аз ин 46 нафар дар дастгоҳи марказии он кор хоҳанд кард.
Маблағгузории Агентӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ, суратҳисоби махсус ва дигар сарчашмаҳо бо мувофиқаи Вазорати молия анҷом дода мешавад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор шудааст, ки чораҳои заруриро барои иҷрои қарор андешида, қарорҳои худро бо он мутобиқ намояд.
Худи Агентӣ бошад, бояд якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар давоми як моҳ тадбирҳои заруриро барои таҳия ва пешниҳоди Оиннома, сохтори дастгоҳ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ намояд.
Бояд гуфт, ки айни ҳол дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ амал мекунад.