«Нефорҳо»-и Душанбе: чаро намуди зоҳирии ғайриоддӣ набояд пайравӣ аз фарҳанги бегона дониста шавад?

Мӯйҳои ранга, “пирсинг”, шимҳои васеъ, ороишоти ғайриоддӣ — дар Душанбе кофист, ки каме аз аксарият фарқ дошта бошед, то шуморо «нефор» ном баранд. Барои худи ҷавонон бошад, ин калима аксаран маънои таҳқиромезро надорад. Бархе оромона худро ҳамин тавр меноманд ва баъзеҳо онро ҳатто ҳамчун таъриф қабул мекунанд. Мушкил замоне оғоз мешавад, ки ҳамроҳ бо намуди ғайриоддӣ ба инсон худ аз худ ақидаҳои муайян, рафтор ё хислатҳои ахлоқӣ нисбат дода мешаванд.

Писарон метавонанд барои намуди зоҳирии «аз ҳад занона» таҳқир шаванд, духтаронро барои мӯйҳои ранга ва “пирсинг” маҳкум мекунанд. Худи намуди ғайриоддӣ бошад, баъзан ҳамчун нишонаи пайравӣ ба фарҳанги бегона қабул мешавад.

Аммо дар асл хоҳиши ҷавонон барои дигаргун намудан чӣ аст ва чаро имкони худифодакунӣ барои онҳо аз он чизе, ки калонсолон тасаввур мекунанд, муҳимтар аст?

Чанде пеш калимаи «ғайриоддӣ » ё «неформалҳо» дар Тоҷикистон ба маркази баҳси ҷомеа табдил ёфт.

Пас аз задухӯрди ду духтари наврас кормандони милитсия навореро нашр карданд, ки дар он “пирсинг” ва мӯйҳои рангкардаи духтарон нишон дода шуда, намуди зоҳирии онҳо бо таъсири фарҳанги барои ҷомеаи Тоҷикистон бегона рабт дода мешуд. Писароне, ки шоҳиди задухӯрд буданд, саросар мӯйҳояшонро тарошиданд. Чеҳраи ноболиғон дар навор пӯшонида шуда буд.

Дар ин матлаб мо ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ё ахлоқии амалҳои кормандони милитсияро баррасӣ намекунем. Саволи дигаре моро ба худ ҷалб кард: чаро намуди зоҳирии як наврас умуман ба нишондиҳандаи рафтор, арзишҳо ва ҳатто ахлоқи ӯ табдил меёбад?

Ҳанӯз пеш аз ин ҳодиса мо ба маркази шаҳри Душанбе рафта будем, ки дар он ҷо ҷавононе, ки дар шаҳр онҳоро «нефор» меноманд, зуд-зуд ҷамъ мешаванд. Мо бо худи онҳо суҳбат кардем.

Дар Душанбеи имрӯз “нефорҳо” киҳоянд?

Мӯйҳои дарозу рангшуда, либосҳои “оверсайз”, “пирсинг”, холкӯбӣ, ангуштарин, дастпона ва ороиши ғайриоддии мӯй — тақрибан ҳамин гуна дар тасаввури умумӣ як «нефор»-и душанбегӣ ба назар мерасад.

Худи ин калима кайҳо боз маънои мансубият ба ягон зерфарҳанги мушаххасро аз даст додааст. Барои он ки дар Душанбе шуморо ҳамин тавр ном баранд, ҳатман панк, металлист, гот ё мухлиси мусиқии муайян будан шарт нест. Баъзан танҳо аз дигарон фарқ кардан басанда аст.

«Кофист шимҳои васеъ пӯшӣ ё ороиши мӯйи ту аз дигарон фарқ кунад. Дарҳол туро “нефор” мегӯянд», — гуфт яке аз ҷавонон.

Аммо ҷолиб он аст, ки худи ҷавонон на ҳамеша калимаи «нефор»-ро бо маънои манфӣ қабул мекунанд. Барои баъзеҳо ин танҳо як номгузории маъмулии сабки муайян аст, бархе онро оромона нисбат ба худ истифода мебаранд ва баъзеҳо ҳатто ҳамчун як навъ таъриф қабул мекунанд: яъне ту мисли дигарон нестӣ.

Аммо аз забони онҳое, ки ба чунин ҷавонон муносибати манфӣ доранд, ин калима метавонад тамоман дигар садо диҳад. Мо кӯшиш кардем бо ҷавононе сӯҳбат кунем, ки махсус аз минтақаҳои дигар ба маркази шаҳр меоянд, то ҷавонони ғайриоддӣ либоспӯшидаро тамошо кунанд. Онҳо калимаи «нефор»-ро аллакай бо маънои манфӣ истифода мекарданд, аммо аз сӯҳбати муфассал бо мо худдорӣ карданд.

Ҳамин тавр, як ҳолати ҷолиб ба вуҷуд меояд: худи калима ҳатман таҳқиромез нест — маънои онро мавқеи истифодаи он муайян мекунад. Барои як нафар «нефор» роҳи тавсифи худ ва сабки ӯст, барои дигаре бошад, кӯшиши таъкид кардани он аст, ки шахс «на он гуна, ки бояд бошад» ба назар мерасад.

Ва муҳимтар аз худи номгузорӣ он аст, ки ҷомеа танҳо бар асоси намуди зоҳирии инсон дар бораи ӯ чӣ гуна хулоса мебарорад.

«Ба ман ҳамин гуна намуди зоҳирӣ писанд аст»

Ҷомеашинос Гулнора Бекназарова чанд сол пеш ҷавононро таҳқиқ карда, ҳамон вақт бори аввал бо ҷомеаҳои ҷавонони ғайрирасмии Тоҷикистон аз наздик шинос шуд.

Ба гуфтаи ӯ, байни ҷавонони имрӯз ва намояндагони гурӯҳҳои ғайрирасмии даврони шӯравӣ ва оғози солҳои 1990-ум фарқи ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Он замон бисёре аз зерфарҳангҳо воқеан унсури эътироз доштанд. Панкиҳо, рокерҳо ва металлистҳо худро ба фарҳанги расмӣ ва меъёрҳои мавҷудаи ҷомеа муқобил мегузоштанд.

Имрӯз вазъият дигар аст.

«Ҳоло мафҳуми “неформал” бештар ба ҷустуҷӯи ҳувияти худ ва фарқкунанда будан рабт дорад. Дар ҳар ҷомеа меъёрҳои муайяни рафтор ва арзишҳо вуҷуд доранд. Ҷомеаи мо бештар хусусияти суннатӣ дорад. Барои ҷавонон муҳим аст, ки чӣ гуна ба назар мерасанд, мӯйҳояшон чӣ гуна аст ва аз кадом калимаҳои ғайрирасмӣ истифода мебаранд. Ин кӯшиши огоҳона барои каме дур шудан аз ҷомеа аст, аммо на кӯшиши муқобила бо он. Яъне на тавассути эътироз, балки тавассути худифода», — шарҳ медиҳад Бекназарова.

Яъне, мӯйҳои бунафш метавонанд танҳо мӯйҳои бунафш бошанд ва шимҳои васеъ — либосе, ки ба инсон маъқул аст. Дар паси онҳо ҳатман даст кашидан аз анъанаҳо истода наметавонад..

Давраи наврасӣ ва ҷавонӣ замонест, ки инсон кӯшиш мекунад ба яке аз саволҳои мушкилтарин ҷавоб пайдо кунад: ман кистам?

Ва намуди зоҳирӣ ба яке аз роҳҳои дастрас барои ҷустуҷӯи ин ҷавоб табдил меёбад.

Аммо атрофиён аксар вақт на сабк, балки нодурустии онро мебинанд

Дар Душанбе баъзан ҳатто фарқияти ночиз дар намуди зоҳирӣ кофист, ки инсон бо масхара ё рафтори хашмгин рӯ ба рӯ шавад.

«Ман дастбанду дигар ороишотро бисёрро истифода мебарам, зеро чунин сабк ба ман писанд аст. Аммо вақте аз назди баъзе мардон мегузарам, онҳо ҳуштак мекашанд, ё садоҳои ҳархела мебароранд ва ҳатто эрод гирифта мегӯянд, ки ин гуна намуди зоҳирӣ “ғайримусулмонӣ” аст», — гуфт яке аз духтарон.

Ба гуфтаи ҷавононе, ки мо бо онҳо сӯҳбат кардем, чунин ҳолатҳо дар мактабҳо низ рух медиҳанд.

Сабаби он метавонад ороиши мӯй, лавозимоти ороишӣ ё шакли либос бошад, ҳатто агар худи наврас дар айни замон либоси мактабии муқарраршударо риоя кунад.

Махсусан барои писароне душвор аст, ки намуди зоҳириашон ба тасаввури маъмулии атрофиён дар бораи он ки мард «бояд» чӣ гуна бошад, мувофиқат намекунад.

Чанд нафар аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки маҳз ҷавонони писар бештар бо таҳқири рӯирост ва кӯшиши барангехтани низоъ рӯ ба рӯ мешаванд.

«Дар кӯча бо гӯшмонак мерафтам, ки аз пушти сар шунидам: “Э, ина бин! Нефор! Нефор!” Ман баргашта, ба наздашон рафтам ва пурсидам: “Дар ин ҷо кӣ нефор аст?” Онҳо дар ҷавоб чизе нагуфта, рафтанд. Албатта, агар ҷавоб медоданд, ман метавонистам худро озодона ҳимоя кунам. Аммо фикр кунед, бо онҳое, ки наметавонанд аз худ ҳимоя кунанд ё муқобилият нишон диҳанд, чӣ мешавад?» — нақл мекунад яке аз ҷавононе, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шудем.

Ҷавони дигар гуфт, ки чунин доду фарёдҳоро бештар аз гурӯҳи ҷавонон мешунавад, на аз одамони танҳо вомехӯрда.

Дар айни ҳол, духтарони дорои намуди ғайриоддӣ бо шакли дигари таваҷҷуҳ — ҳуштаккашӣ, кӯшиши ошноии маҷбурӣ ва шарҳҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Ҳамин тавр, як принсип — «ту мисли дигарон нестӣ» — нисбат ба писарону духтарон ба таври гуногун амал мекунад: писар метавонад ба «каммардӣ» муттаҳам шавад ва духтар ба арзёбии ахлоқ ва рафтори шаҳвонӣ.

Дар ҳоле ки на ороиши мӯй ва на либос дар бораи ин чизе намегӯянд.

«Ба мо иҷозат аст, ки танҳо дар назди “оперка” сайр кунем»

Қариб ҳамаи ҳамсуҳбатони мо аз як хусусияти дигари Душанбе низ ёдовар шуданд: сатҳи амният бештар ба он вобаста аст, ки маҳз дар кадом қисми шаҳр қарор дорӣ.

Маркази шаҳр ва минтақаи назди Театри опера ва балет ба як фазои хосе табдил ёфтааст, ки ҷавонони дорои намуди ғайриоддӣ дар он худро озодтар эҳсос мекунанд.

«Гӯё ба мо иҷозат аст, ки танҳо дар назди “оперка” сайр кунем, — мегӯяд духтаре бо мӯйҳои бунафш. — Дар ҷойҳои дур аз марказ бисёр вақт маро озор медиҳанд, халал мерасонанд. Борҳо бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудаам».

Яке аз қиссаҳое, ки ба мо нақл карданд, аз доду фарёдҳои маъмулӣ ҷиддитар буд.

Ба гуфтаи як духтар, рӯзе марде бо корд ба назди дӯсташ омада, ба сабаби тасвири салиби хурде, ки дар футболкаи ӯ буд, таҳдид кардааст.

«Агар мо се нафар намебудем, намедонам, кор ба куҷо мерасид», — ба ёд меорад ӯ.

Ҷавонони дигар дар бораи як навъ тақсим шудани шаҳр ба минтақаҳои «худӣ» ва «бегона» нақл карданд.

«Бачаҳо метавонанд гурӯҳ-гурӯҳ ё ҳатто танҳо наздат биёянд ва пурсанд: “Шумо дар маҳаллаи мо чӣ кор мекунед?”» — гуфт яке аз духтарон.

Ҳамзамон, ҳамсуҳбатони мо таъкид карданд, ки чунин низоъҳо на ҳамеша маҳз бо намуди ғайриоддӣ вобастаанд. Баъзан ҳатто забоне, ки ҷавонон бо он суҳбат мекунанд, метавонад сабаби чунин муносибат гардад.

Ҳамаи ин қиссаҳоро як чиз муттаҳид мекунад: инсон на барои он мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад, ки нисбат ба касе амали баде кардааст, балки танҳо барои он ки аз дигарон бо чизе фарқ мекунад.

Худи «нефорҳо» чӣ мехоҳанд?

Шояд, ҳамин ҷолибтарин натиҷаи суҳбатҳои мо буд. Зеро ҳар қадар бештар бо ҷавонони «ғайриоддӣ» ва ҷавонони дорои дидгоҳҳои суннатӣ суҳбат мекардем, ҳамон қадар дидани он тафовуте, ки гӯё миёни онҳо вуҷуд дорад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасвир мешавад, душвортар мегардид.

Худи «нефорҳо» атрофиёнро ҳамчун душман тавсиф намекунанд. «Ман худам худро нефор мешуморам, аммо ҳам бо “абушкаҳо” ва ҳам бо бачаҳои оддӣ муошират мекунам», — мегӯяд яке аз ҷавонон.

Ҷавонон онҳоеро, ки махсус барои тамошои ҷавонони ғайриоддӣ ба марказ меоянд, «абушкаҳо» меноманд.

«Ман аз ҳарду гурӯҳ дӯстони зиёде дорам. “Абушкаҳо” баъзан маро масхара мекунанд, аммо чандон аҳамият намедиҳам», — илова мекунад духтар.

Вале вақте суҳбат на дар бораи либос, балки дар бораи оянда меравад, фарқиятҳо қариб аз байн мераванд.

«Мехоҳам таҳсилро дар донишгоҳ тамом кунам, баъд ба оилаам кӯмак расонам. Мошин харам. Барои худам духтаре пайдо кунам», — бо ханда мегӯяд яке аз ҳамсуҳбатони мо.

Қариб ҳамаи ҷавононе, ки мо бо онҳо суҳбат кардем, аз кори хуб, таҳсил, оила ва зиндагии муқаррарӣ ҳарф заданд.

Яъне, пушти мӯйҳои рангоранг, “пирсинг” ва либосҳои “оверсайз” арзишҳое пинҳонанд, ки барои ҷомеа комилан ошно мебошанд.

Чаро бархе ҷавонон мехоҳанд аз дигарон фарқ кунанд?

Ба андешаи Гулнора Бекназарова, хоҳиши санҷидани образҳои гуногун як қисми табиии ҷустуҷӯи ҳувияти шахсӣ аст.

Ин махсусан миёни ҷавонони шаҳр бештар ба назар мерасад, ки дар фазои бозтар ва муҳити иттилоотии васеътар зиндагӣ мекунанд. Ба шарофати интернет онҳо ба мусиқӣ, муд, синамо, сабкҳои визуалӣ ва фарҳангҳои ҷавонони қариб тамоми ҷаҳон дастрасӣ доранд ва бо онҳо ошно мешаванд. Табиист, ки чунин муҳит ба хоҳиши ҷавонон барои доштани сабки хоси худ низ таъсир мерасонад. Аммо пайравӣ аз ин тамоюлҳо ҳатман маънои даст кашидан аз фарҳанги худиро надорад.

Баръакс, ҷавонон метавонанд унсурҳои тамоман гуногунро бо ҳам муттаҳид кунанд, аз ҷумла ба либоси анъанавӣ ва зебоишиносии миллӣ аз нав маъно диҳанд.

«Чунин ҷавонон ҳудуди фарҳангро васеъ карда, ба он гуногунрангӣ ворид мекунанд. Онҳо аз либоси анъанавӣ даст намекашанд, бисёр вақт ба он рӯҳу нафаси нав мебахшанд», — мегӯяд Бекназарова.

Санъатшинос ва номзади илмҳои санъатшиносӣ Лариса Додхудоева низ бар ин назар аст, ки намуди ғайриоддӣ на ҳамеша аз рӯҳи эътирозгарӣ шаҳодат медиҳад.

«Ба пайдо шудани ҷавонони дорои сабки ғайриоддӣ муҳит ва омилҳои гуногуни он мусоидат мекунанд. Дар ин раванд, албатта, интернет нақши муҳим дорад, зеро он имкон медиҳад, ки ҷавонон аз доираи кишвар берун баромада, бо зиндагӣ, шавқу завқ ва таваҷҷуҳҳои ҷавонон дар кишварҳои дигар шинос шаванд», — мегӯяд ӯ.

Ҳамзамон, Додхудоева чунин ҷавононро барои бегона кардани фарҳанги тоҷикӣ таҳдид намедонад.

«Ба назари ман, онҳо ба анъанаҳо рӯҳу нафаси нав мебахшанд», — мегӯяд ӯ.

Дигар кардани намуди зоҳирӣ бо эътироз як чиз нест

Шояд ин яке аз фарқиятҳои асосӣ миёни зерфарҳангҳои классикии гузашта ва ҷавонони шаҳрии имрӯз бошад.

Навраси имрӯз метавонад мӯйҳояшро кабуд ранг кунад, то паёми тамоман дигар диҳад: «Ба ман ҳамин хел маъқул аст».

Албатта, ин марз на ҳамеша чунин равшан аст. Худи давраи наврасӣ то андозае аз волидон, мактаб ва қоидаҳои калонсолон фосила гирифтанро дар бар мегирад. Ҷавон ҳудудҳоро месанҷад, ҳувиятҳои гуногунро таҷриба мекунад ва дар ҷустуҷӯи одамоне мешавад, ки миёни онҳо худро «худӣ» эҳсос мекунад.

Аммо ба гуфтаи Бекназарова, кӯшиши маҳдуд кардани ин ҷустуҷӯ дар доираи қоидаҳои сахт баъзан танҳо фосиларо бештар мекунад.

Гузашта аз ин, мансубият ба гурӯҳи ҷавонон баъзан метавонад бо танҳоӣ ва хоҳиши пайдо кардани муҳите вобаста бошад, ки дар он инсонро қабул мекунанд.

Дар чунин ҳолат либос, мусиқӣ, “сленг” (гуфтори кӯчагӣ) ва зебоишиносии умумӣ на роҳи вайрон кардани ҷомеаи мавҷуда, балки роҳи пайдо кардани ҷойгоҳи худ дар дохили он мешаванд.

«Ҳузури чунин ҷавонон аз неруи эҷодӣ ва ҷустуҷӯи созанда шаҳодат медиҳад. Ин на дар бораи фарҳанги бегонапарастӣ балки дар бораи ҷустуҷӯи худ аст», — мегӯяд ҷомеашинос.

Оё чанд тори мӯи ранга метавонад фарҳангро хароб кунад?

Фарҳанги тоҷикон аз давраҳои зиёди таърихӣ, низомҳои сиёсӣ, муҳоҷиратҳо, таъсирҳои фарҳангӣ ва тағйироти технологӣ гузаштааст.

Имрӯз ба ин интернет ҳам илова шудааст, ки ба шарофати он ҷавон дар Душанбе ҳамзамон дар дохили фарҳанги тоҷикӣ ва ҷаҳони бузурги ҷаҳонӣ қарор дорад.

Ӯ мебинад, ки ҳамсолонаш дар Тошканд, Алмато, Сеул, Токио, Москва ё Ню-Йорк чӣ гуна либос мепӯшанд. Чӣ гӯш мекунанд, чӣ гуна мӯйҳояшонро ранг мекунанд ва чӣ тавр дар бораи худ ҳарф мезананд.

Баъзеҳо, ҳатто бо вуҷуди ошноӣ бо ин тамоюлҳо, онҳоро қабул намекунанд. Баъзеи дигар онҳоро барои худ месанҷанд. Ва гурӯҳи дигар онҳоро бо анъанаҳо ва сабки шахсии худ муттаҳид мекунанд.

Маҳз ҳамин тавр фарҳанг тағйир меёбад.

«Ҷавонон андешаҳои навро бедор мекунанд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ маъноҳои нав ба вуҷуд меоранд. Гуногунрангӣ ҳамеша хуб аст», — мегӯяд Лариса Додхудоева.

Шояд имрӯз масъала на дар он бошад, ки пирсинг, либосҳои оверсайз ё мӯйҳои бунафш ба мо маъқуланд ё не. Ба касе ин сабк метавонад писанд ояд, ба каси дигар не.

Аммо саволи муҳимтар ин аст: оё мо метавонем ба ҷавон ҳақ диҳем, ки аз дигарон фарқ кунад, бе он ки танҳо аз рӯйи намуди зоҳириаш ба ӯ муносибат ё хислатҳои муайян нисбат диҳем ва чунин фарқиятро нишонаи «нодуруст» будани ӯ донем?

Зеро баъзан мӯйҳои бунафш танҳо мӯйҳои бунафшанд.

Ва наврасе, ки пушти онҳо қарор дорад, ҳамон ҷавонест, ки кӯшиш мекунад дарк кунад ӯ кист ва мехоҳад чӣ гуна шахс шавад.

Skip to toolbar