Наздикони зане, ки аз дасти келинаш кушта шуд аз таҳқиқи парвандаи маргаш норозианд

Муҳосиби як мактаби Кӯлоб ба азхудкунии қариб 900 ҳазор сомонӣ гумонбар мешавад

Муҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Кӯлоб Абдуҷабор Холиқов ба гумони даст доштан дар азхудкунии қариб 900 ҳазор сомонӣ боздошт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, замони ифои вазифа дар ин мансаб ӯ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳисибӣ дар бораи музди меҳнати кормандон 892,9 ҳазор сомониро азхуд намуда, барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.

Дар хабари Агентӣ доир ба дар кадом давра азхуд шудани ин маблағ ва кай боздошт шудани мансабдор хабар дода намешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбат ба Холиқов мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ва камомад) ва 323 (Сохтакории хидматӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Наздикони зане, ки аз дасти келинаш кушта шуд аз таҳқиқи парвандаи маргаш норозианд

Наздикони як зани 58-сола дар Душанбе, ки гуфта мешавад аз сӯи келини 22-солааш бо чанд зарби корд кушта шудааст, аз таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ норозианд ва даъво доранд, ки келини хонадон бо моддаи “одамкушӣ” ҳабс шавад.

Наздикони Зинатбибӣ Носирова, бо ирсоли як мактуб ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки нусхаи он ба дасти “Азия-Плюс” низ расидааст, гуфтаанд, ки рӯзи 23 майи соли равон Зинатбибӣ Носирова дар хонаи худ бар асари муноқиша аз сӯи келини хонадон Фозила Салимоваи 22-сола бо 27 зарби корди хоҷагӣ кушта шудааст.

Фарзона Мусоева, духтари Зинатбибӣ Носирова дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” аз таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ шикоят карда, афзудааст, дар аввал нисбати Фозила Салимова бо моддаи 104 қисми 1 (одамкушӣ) парванда боз шудааст, вале дар охир муфаттишон ба хулосаи экспертизаи психологӣ такя намуда, парвандаро бо моддаи 106 қисми 1 (одамкушӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ) бандубаст кардаанд, ки аз ин онҳо розӣ нестанд.

“Салимова Ф.Ҳ. модари маро бераҳмона, дар ҳолати хуб буда, бо мақсади куштор зада куштааст. Дар баёнотҳои аввалини Салимова Ф. гуфта шудааст, ки гӯё ӯ дар вақти содир намудани ҷинояти мазкур дар ҳолати сахти рӯҳӣ қарор доштааст, ки ин дурӯғи маҳз мебошад. Аз замони содир намудани ҷиноят ва то замони ҳозир Салимова ҳама ҳаракат ва кирдорҳои худро пурра ва дуруст дарк мекунад”, – гуфта мешавад дар мактубе, ки ба прокуратура ирсол шудааст.

Онҳо даъво доранд, ки муноқиша байни хушдоман ва келин бар асари баҳси хона сар задааст ва келини хонадон мехост, “ҳамроҳи шавҳару кӯдаконаш дар хонаи алоҳида зиндагӣ намояд”.

“Аммо марҳум модарам ба ин ҳолат зид  набуд, фақат ҳамин, ки бародарам ба фаъолияти мусофиркашонӣ (таксӣ) машғул буд ва он қадар манбаи даромади хуб надошта, аз уҳдаи зиндагониаш намебаромад”, – навиштаанд наздикони Носирова.

Онҳо гуфтаанд, дар се соле, ки Фозила Салимова келини хонадон буд, бо марҳум Носирова муносибати бад надошт ва дар ин муддат ҳолати руҳиву равонии Салимова Ф. хуб буд, танҳо се-чор маротиба қаҳр карда ба хонаи падару модараш рафт, ки боз баргашт.

Аз Прокуратураи генералӣ Тоҷикистон тасдиқ кардаанд, ки нисбати Фозила Салимова парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале бо кадом модда шарҳе надодаанд.

Дар посухи катбие, ки аз додситонӣ ба “Азия-Плюс” ворид шудааст, гуфта мешавад, ки “тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Салимова Ф. Ҳ. аз тарафи прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ ба анҷом расонида шуда, ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол шудааст”.

Аз шуъбаи парвандаҳои ҷиноятии Суди ноҳияи Фирдавсӣ тасдиқ кардаанд, ки чунин парванда бо моддаи 106 ба суд ворид шуда, дар ҳоли баррасӣ аст.

“Шер”-и тоҷик рақиби аргентиниашро дар бокс шикаст дод

Муҳаммадхуҷа Ёқубов, муштзани тоҷик, дар мусобиқоти байналмилалии бокси ҳирфаӣ “RСС boxing Promotions”, ки 11-уми сентябр дар шаҳри Челябински Русия доир гардид, бар Карлос Даниэл Кордобаи аргентинӣ пирӯзӣ ба даст овард. Рақобат аз ҳашт раунд иборат буд.

Ёқубов доимо ҳуҷум мекард ва мехост қувваозмоиро пешакӣ ба анҷом расонад, вале Кордоба то тасмими доварон истодагарӣ кард. Ҳамаи доварон Муҳаммадхуҷа Ёқубовро ғолиб донистанд.

Зимнан, ин 18-умин пирӯзии Муҳаммадхуҷа Ёқубов дар бокси ҳирфаӣ ба шумор меравад. Аз ин пеш ӯ дар 17 рақобат, аз он ҷумла дар даҳтоаш бо нокаут, ғолиб шуда буд. Ин муштзани 27-солаи тоҷик танҳо дар як рақобаташ 18-уми марти соли равон аз О’Шаки Фостери амрикоӣ мағлуб шудааст.

Муҳаммадхуҷа Ёқубов 31-уми марти соли 1995 дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Аввалин рақобати ӯ дар бокси ҳирфаӣ 12-уми декабри соли 2015 доир гардидааст. Қадаш 1 метру 65 сантиметр, вазнаш 58,6 кг мебошад.

Ӯ ба як қатор унвонҳои баланд – ғолиби мусобиқоти минтақавӣ ва ҷавонон аз рӯи WBC International (2018 – то ҳоло), WBA Continental (2018), IBF Baltic (2018), WBO Youth (2016 – 2017), WBC Asian (2016 – 2017) даст ёфтааст. Лақабаш «Шер» аст. Шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад. Ҳоло дар шаҳри Сургути Русия ба сар мебарад.

Дар комёбиҳои ӯ саҳми устоди аввалинаш Додобек Фатҳуллоев, мураббии варзидаи бокси тоҷик, бузург аст. Феълан бо раҳбарии мураббӣ Владимир Видов тамрин мекунад.

Skip to toolbar