fbpx

Наздикон: Ҳолати дугоники Руфейда хеле бад аст. Онҳо руҳияи ҳамдигарро эҳсос мекарданд

Ҷасади асади Руфейда Иноятоваро пас аз як рӯзи гум шуданаш ёфтанд. Ҳоло дугуники вай Румейса бемор аст.


-3
-3 points
Руфейда Иноятова

Руфейда Иноятова духтараке, ки барои куштор ва таҷовузаш падари дугонаҳояшро гумонбар медонанд, 5 рӯз баъд 8 сола мешуд. Марги ин фаришта тамоми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро такон дод. Руфейда имсол синфи якумро хатм карда буд ва ба хондан завқи баланд дошт.

Бибии духтарак Гулсун Иноятова ба муаллифи YOUR.TJ Файзуллохон Обидов дар бораи набераи ғуррамаргаш қисса кард.

Ҳолати дугоники Руфейда – Румейса хеле бад аст

Гулсун Иноятова ҳоло дар Русия қарор дорад ва хабари ин бадбахтиҳоро наздиконаш ба ӯ телефонӣ расонидаанд. Зан аз марги наберачаи хурдсолаш сахт андӯҳгин аст.

“Чор рӯз мешавад, ки Руфейдаи ман дигар нафас намекашад. Кушташавии бераҳмонаи Руфейда ҳамаи моро такон дод. То ҳол ба худ намеоям ва аз писару келинам чизеро пурсида наметавонам. То ҳол келинам Меҳрангез дар худ нест, мегӯянд, ки зуд – зуд беҳуш мешавад. Боварам намеояд, ки гулдухтари дуструяки моро бераҳмона куштаанд”, – бо сӯз нақл мекунад, бибиии Руфейда.

Руфейда боз хоҳари дугоник ҳам дорад, Румейса. Онҳо 13 июли соли 2013 дар ноҳияи Рудакӣ ба дунё омадаанд. Ҳамчунин Руфейда боз як додару як апаи дигар низ доштааст. Ҳоло ҳолати дугоники духтарак Румейса хеле бад аст. Аз сабабе, ки онҳо дугониканд, якдигарро эҳсос мекунанд.

Руфейда ва Румейса

“Руфейда ва Румейса тобистони гарми соли 2013 пеш аз муҳлат таваллуд шуданд. Барои мо калон кардани дугоникҳо хеле мушкил буд, чун онҳо хеле хурд буданду нигоҳубини хосро талаб мекарданд. Лекин фарзандонам – Валиҷон ва Меҳрангез бо ёрии аҳли хонавода дугоникҳоро калон карданд. Шири модар ба ҳарду намерасид, маҷбур мешудем, ки шири сунъӣ бихарем. Аксар вақт нархи онҳо барои оилаи мо гаронӣ мекард, вале як илоҷ карда дустрӯяконро калон кардем” – нақл мекунад, Гулсун Иноятова.

Падари Руфейда Валиҷон Иноятов дар маркази варзишӣ ба ҳайси дастурдиҳанда (инструктор) кор мекунад ва бори зиндагӣ танҳо бар души ӯст. Ҳоло ӯ барои барқарор кардани адолат талош карда истодааст, то ки қотили духтараш бе ҷазо намонад.

Валиҷон гуфтааст, ки агар ҷазо додани қотили духтарашро ба ихтиёри ӯ мегузоштанд, ӯро дар байни мардум бароварда ба қатл мерасонд.

Гулсун нигоҳубини дугоникҳо аҷаб лаззате дошт

“Писари ман – Валиҷон маҷбур мешуд, ки аз саҳар, то нисфи шаб кор кунад. Шабҳо аҳли оила бо навбат мехестему дугоникҳоро нигоҳбун мекардем. Онҳо тез – тез бемор мешуданд. Аҷобаташ дар он буд, ки яке бемор шавад, дигарӣ низ ҳатман бемор мешуд, чун онҳо якдигарро эҳсос мекарданд. Ҳамин аст, ки пас аз марги Руфейда – Румейса низ то ҳол ба худ наомадааст.” – қисса мекунад, Гулсун.

Ба нақли Гулсун Иноятова Руфейда дар оила аз ҳама духтари оромтабиат буд.

“Руфейда хеле ором ва ниҳоят шармгин буд. Румейса бошад бар акс шӯху чолок аст. Вай тамошои филмҳои тасвириро бениҳоят дӯст медошт, соатҳо назди телевизор ором менишаст. Ба касе озораш намерасид”,- мегӯяд бибии Руфейда.

Руфейда дар мактаби миёнаи умумии рақами 14 -и шаҳри Ҳисор мехонд. Вай дар гурӯҳи русӣ мехондааст. Фанни математикаро дӯст медоштааст. Ҳамчунин хондан ва гӯш кардани афсонаҳоро.

“Доим наздам омада менишаст ва хоҳиш мекард, ки пеш аз хоб афсонааш бигӯям. Ҳар гоҳе нафаре дар оилаамон бемор мешуд, Руфейда ман калон шавам духтур мешавам ва Шуморо табобат мекунам мегуфт. Бо лаҳни ширини кӯдаконааш ва дар баробари шахси бемор ғам мехӯрд”, – ба хотир меорад, Гулсун.

Руфейда

Аввал таҷовуз ва баъдан пора-пора кардааст

Руфейда, ки духтараки оромтабиат буд хеле кам дугона дошт. Вале баъзан ба хонаи ҳамсоя, ки ӯ низ духтарчадор буд барои бозӣ мерафт ва гоҳо онҳо ба хонаашон меомаданд.

Куштану пора кардани ҷасади Руфейда рӯзи 4-уми июл ба вуқуъ омад. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ соати 14-и он рӯз “барои қазои ҳоҷат ба манзили бибиаш рафтааст”, ки 20-30 метр дуртар аз хонаи онҳо ҷойгир аст. Волидонаш дар хонаҳои дуошёна зиндагӣ мекунанд, ки ҳоҷатхонааш дар беруни биност.

“Вай ба ҳоҷатхона рафтанӣ буд. Берун баромаду дигар наомад. Вақте ба ман хабар доданд, ҷон аз дасту поям баромад. Руфейдаро ҳама мекофтанд. Ҳама ҳамсояҳо ва хешу таборон ба кофтукоби Руфейда омаданд. Ягон ҷои деҳа намонда ҳамаро кофтанд, бехабар аз он, ки ҷасади ӯ дар хонаи ҳамсояи наздикамон будааст. Мо умед доштем, ки ӯро сиҳату саломат дарёфт мекунем, аммо афсӯс…”, – бо андӯҳ мегӯяд бибии Руфейдаи ғурамарг.

Модар шарикҷинояти фарзанд

Пас аз кофтукови зиёд, рӯзи дигар ҷасади пора пора шудаи Руфейдаро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя дарёфт мекунанд. Шубҳаи ҳамагонро рафтори зани ҳамсоя, ки даромадгоҳи бино ва зинапояҳоро бо хлор шуста баромадааст, бедор намудааст. Зан ҳамчунин хонаашро бо хлор шуста сипас кормадони милитсияро ба хонааш даъват кардааст, то бубинанд, ки Руфейда он ҷо нест. Ҳоло писари ин зан Раҳматулло Гадоеви 27 сола бо гумони гунаҳгори асосӣ дар ин куштор дастгир шудааст.

Гумон меравад, ки Раҳматулло, ки чандин сол аст дар ҳамсоягии оилаи Руфейда зиндагӣ мекунад, духтаракро ҳангоми ба ҳоҷатхона рафтан бо роҳи фиреб ба хона даровардааст, чун Руфейда бо духтарони мард дугона буду гоҳ – гоҳе ба хонаашон барои бозӣ мерафт. Раҳматулло Руфейдаро аввалан таҷовуз карда, сипас ӯро пора-пора мекунад ва пораҳои бадани духтаракро ба халтаҳои алоҳида андохта дар ҳоҷатхона мепартояд. Дар ин кор ба Раҳматулло модараш кӯмак мекунад ва изи хунхои рехтаро мешӯяд.

Вобаста ба ин амал фаъолони ҷамъияти ба номи Раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олӣ муроҷиатнома навишта, дархост карданд, ки қазияро маҳз худи Рустами Эмомалӣ зери назорат бигирад. Рустами Эмомалӣ тафтиши қазияро ба прокуратураи генаралӣ супорида, дастур додааст, ки барои барқароршавии адолат тамоми чораҳоро биандешанд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ, талаб доранд, ки ба таҷовузкор ва қотили Руфейда ҳукми қатл дода шавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-3
-3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
11
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
114
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
7
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend