Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:4817.03.2025
Аз лаҳзаи боз шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистон 4891 нафар онро убур кардаанд. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи аз соати 9:00-и 13 март то соати 9:00-и 17 март, тавассути гузаргоҳҳои марзии «Қайрағоч» 3 755 нафар ва «Қизил-Бел» 659 нафар аз марз гузаштаанд.
Ҳамчунин, 477 нафар бо хатсайрҳои ҳавоӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ва баръакс сафар намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 13 март президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров Шартномаи марзи давлатии байни ду кишварро имзо карданд. Ин лаҳзаи таърихӣ барои ду давлат дар ҳалли масъалаҳои марзӣ унвон шуд. Ба ин созишнома Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан баъди 23 сол расиданд.
Маросими имзои созишнома дар доираи сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Бишкек баргузор гардид.
14 март ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аввалин парвози худро дар хатсайри Душанбе-Бишкек-Душанбе баъд аз 4 сол анҷом дод. Ҳамчунин, 16 март парвоз аз Бишкек ба Хуҷанд сурат гирифт, ки онро ширкати ҳавоии қирғизии Asman Airlines анҷом дод.
Читайте также
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
20 часов назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
2 дня назад
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
6 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
6 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
7 дня назад