fbpx

Наздики 400 корманди БДА аз вазифа барканор мешавад

Мухтасари муҳимтарин хабарҳои рӯз.


1
1 point
Акс аз ютубканали Пайки Суғд

Муовини собиқи раиси ноҳияи Восеъ 6,5 сол ҳукми зиндон гирифт

Алихон Худоёрзода ба “баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ” гумонбар мебошад.

Мард бо дастони баста

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, парвандаи ӯ ба тақсими нодурусти замин рабт дорад.

Абдулҳай Бегаҳмадзода, прокурори ноҳияи Восеъ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабарии ҳукумати ин ноҳия гуфтааст, дар суд айби Худоёрзода тасдиқ шуд.

Алихон Худоёрзода соли 2017 муовини раиси ноҳияи Восеъ дар масъалаи сохтмон таъинт шуда, моҳи феврали соли 2023 боздошт шуда буд.

Вазири ВКД ҳамла ба раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро “амали террористӣ” номид

Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарии ВКД ҳамла ба раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро “амали террористӣ” номида, гуфт, ин кор аз сӯи “гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ содир шуд”.

Вале вазир номи гурӯҳи мушаххасеро ба забон наовард.

Ба гуфтаи Раҳимзода, дар робита ба ин ҳодиса “шумораи зиёде дастгир шудаанд” ва ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот шумори боздоштшудагон ошкор карда намешавад.

Қаблан прокуратураи Кӯлоб аз боздошти 8 нафар дар робита ба ин ҳодиса хабар дода буд.

Тавре Рамазон Раҳимзода гуфт, ҳодисаро муфаттишони ВКД ва КДАМ таҳқиқ доранд.

Рӯзи 5-уми январи соли ҷорӣ мошини хидматии Салим Сайвализода дар хонааш дар деҳаи Тудакафш таркида, худаш маҷрӯҳ шудааст.

Дар пайи ихтисори воҳиди корӣ наздики 400 корманди БДА аз вазифа озод карда мешавад

Ҳудуди 400 корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар пайи ихтисори 30 дарсади воҳиди кории ин ниҳод аз вазифа озод карда мешаванд.

Акс аз ютубканали Пайки Суғд

Вале онҳо дар дигар идораҳои ВКД корашонро идома хоҳанд дод. Дар ин бора Рамазона Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, ҳадафи ихтисори воҳидҳои корӣ, “ба танзим даровардани тартибу амният дар роҳ ва баланд шудани маърифати мардум аст”.

“Чандин маротиба аст, ки воҳидҳои кории ин сохтор кам карда мешавад. Имсол 30 дарсади кормандони ин ниҳод кам мешавад. Яъне воҳидҳои корӣ ихтисор мешавад. Вале кормандони озодшуда вобаста ба сатҳу донишу малакаашон ба дигар вазифаҳо таъин мешаванд. Онҳо аз мақомот пурра пеш карда намешаванд”, – шарҳ дод Рамазон Раҳимзода

Вазир гуфт, ҳоло ихтисори кормандони БДА оғоз нашудааст ва танҳо баъди қарори дахлдори ҳукумат, шурӯъ хоҳад шуд.

“Аллакай фармони роҳбари давлат баромад. Тартиби иҷро кардани фармон муайян мешавад ва ин раванд давом дорад”,- гуфт вазири корҳои дохилӣ.

Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар пайи интиқоди фаъолияти кормандони БДА фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он 30 дарсади кормандони БДА ихтисор карда мешаванд.

Дар фармон зикр мегардад, ки он бо мақсади  “таъмини самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст.

Дар ҳамин ҳол, аксари сокинони кишвар кам кардани теъдоди кормандони БДА-ро  истиқбол карданд ва гуфтанд, он ба фоидаи кор аст. Ба ақидаи онҳо, ин ҳам ба кам шудани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад ва ҳам имкон медиҳад, ки маоши дигар кормандони ин сохтор бештар шавад.

Дар соли 2023 дар Тоҷикистон 4 амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст

Дар соли 2023 аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 11 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 55 нафар барои содир намудани 43 ҷиноят ошкор гардидааст. Дар ҷумҳурӣ 4 амали террористӣ ва 5 ҳолати сӯиқасд ба амали террористӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Яроқу муҳимоти ҷангии аз террористон мусодирашуда
Акс аз АМИТ “Ховар”

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Инчунин, соли гузашта 275 нафар аъзоёни ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ дастгир карда шуда, 328 нафари дигар ихтиёран ба Ватан баргардонида шудаанд, ки дар умум 603 нафарро ташкил медиҳад.

Аз соли 2015 инҷониб 1258 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва иштирокчиёни амалҳои ҷангӣ бо хоҳиши худ ба Ватан баргардонида шудаанд.

“Ихтиёран баргаштанд, аз кирдори худ пушаймонанд ва ҳоло озодона зиндагӣ доранд”,- афзуд Раҳимзода.

Инчунин, дар соли 2023 дар миқёси ҷумҳурӣ 1624 ҷинояти хусусияти террористӣ-эктремистӣ дошта ба қайд гирифта шуда, аз ин 803 ҷиноят ошкор гардидааст.

“Ҷони ширин, мошината гир” Рамазон Раҳимзода гуфт, муносибати нозирони роҳ беҳтар мешавад

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, рафтору муносибати кормандони ин ниҳод, аз ҷумла кормандони БДА зери назораташ аст.

Манъи вуруди мошинҳои боркаш ба Душанбе
Акси марбута аз интернет

“Аз ин пас онҳо “ҷони ширин, мошината гир” мегӯянд”,- афзуд вазир бо шӯхӣ дар ҷавоб ба муроҷиати шикоятомези як рӯзноманигор аз дағалгуфтории нозирони роҳ.

Инчунин, ӯ қайд намуд, ҳоло муносибати мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум хеле беҳтар шудааст ва боварӣ ба онҳо низ афзудааст.

“Беҳуда нест, ки Тоҷикистон ба қатори амнтарин кишварҳои ҷаҳон шомил шуд ва мардумаш аз ҳама бештар ба милитсия бовар мекунанд”,- илова намуд Раҳимзода.

Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди ин камбудиҳо дар ин самт ҷой доранд ва ҳамаро таҳти назорати худ гирифтааст. Вазир бовар кунонд, ки онҳоро ислоҳ хоҳад кард.

Дар соли 2023 109 шаҳрванди Тоҷикистон бо хориҷиён издивоҷ кардаанд

Соли 2023 дар ҷумҳурӣ 473 ҳазору 841 шаҳодатномаи ақди никоҳ дода шудааст, ки 9 ҳазору 663 адад ё худ 2% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад, гуфт Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ.

Акси марбута аз dw.com

Аз ҷумла, дар кишвар 109 ҳолати ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, шумори ҳодисаҳои ҷудошавии оилаҳо 26% кам шудааст.

Аммо вазири адлия Музаффар Ашӯриён зикр кард, ки сарфи назар аз кам шудани шумори ҷудошавии оилаҳо, ин рақам ҳоло ҳам қаноатбахш нест.

“Аз ҷониби ниҳоди мо барои пешгирии азҳампошхӯрии оилаҳо корҳои зиёд ба сомон расонида мешаванд, бо оилаҳои ҷавон вохӯрда, суҳбатҳо мегузаронем. Ҳоло ҳам аз шумори талоқҳо қаноатбахш нестем, корро дар ин самт ҷоннок мебояд кард”, – иброз дошт вазир.

Саодатбибӣ Сироҷзода илова намуд, ки соли 2023 дар ҷумҳурӣ 242 ҳазору 697 тифлони навзод ба дунё омадаанд.

“Бори нахуст тайи солҳои ахир теъдоди писарони навзод аз духтарон зиёд буд – мутаносибан зиёда аз 125 ҳазорписар ва 117 ҳазор духтар”, – гуфт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2022 ба андозаи 4,3% зиёд шудааст.

14 нафарро аз рӯи парвандаи рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев суд мекунанд

Аз рӯи парвандаи рабудан ва куштори Шуҳрат Исматуллоев, бонкдори тоҷик 14 нафар дар курсии ҷавобгарӣ нишастааст ва ин парванда сирри махфӣ надорад, гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.

Муовини раиси Ориёнбонк ки рабуда шуд
Шуҳрат Исматуллоев

Ӯ қайд намуд, ин парванда ягон сирри махфӣ надорад ва бо иштироки хешовандони ҷабрдида ва гумонбарон баррасӣ мешавад.

“Мо дар Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) имкони баровардани одамони зиёдро надорем”, – илова намуд Шоҳиён.

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бе раводид (виза) ба Қатар раванд

Қатар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба феҳристи кишварҳое шомил хоҳад кард, ки метавонанд бидуни раводид (виза) вориди ин кишвар шаванд. Тибқи маълумоти Агентии сайёҳии Қатар “Visit Qatar”, шумораи чунин кишварҳо ба 102 адад расидааст.

Виза ба Тоҷикистон

Бар асоси ин тасмим шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба Қатар ворид шаванд ва то 30 рӯз дар қаламрави он бимонанд.

Инчунин, барои шаҳрвандони Қатар низ дар Тоҷикистон тартиби сафари бидуни раводид барои 30 рӯз эътибор дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend