Навраси 11-солаи тоҷик ба китоби рекодҳои “Гиннесс” дохил шуд. Ӯ бетанаффус 5 ҳазору 200 болофишорӣ анҷом дод

Эмомҳусайн Умаров навраси 11-солаи тоҷик барои иҷрои 5 ҳазору 200 болофишории (отжимания) бетанаффус дар назди доварон ба китоби рекордҳои “Гиннесс” шомил шудааст.

Дар ин бора Ризвон Ошурмамадов, мураббии муҳорибаи омехта, дар каналии шахсиаш дар Youtube хабар додааст.

Эмомҳусайн Умарови 11- сола, ҳанӯз ҳангоми 7-сола буданаш дар расонаҳо маъруф гардида буд. Он замон расонаҳо навишта буданд, ки Эмомҳусайн бидуни танаффус 11 ҳазор болофишорӣ (отжимания) анҷом медиҳад.

4 сол қабл, Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода ин наврасро ба ҳузур пазируфт ва барои истеъдоди фавқулодаи варзиаш бо ӯ туҳфаҳои хотиравиро тақдим карда буд.

Ҳоло ҳадди ниҳоии Эмомҳусайн дар болофишорӣ, 13 ҳазор маротиба аст ва то кунун касе ба ӯ баробар нашудааст.

Волидони Эмомҳусайн доимо талош мекарданд, ки маҳорати фарзандашон дар китоби рекордҳои “Гиннесс” сабт шавад.

Эмомҳусайн Умаров  зодаи деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд. Волидонаш мегӯянд, ки писарашон аз сесолагӣ ба намуди варзиши болофишорӣ (отжимание) шуғл пайдо намуда, ҳамон вақт онҳоро ба ҳайрат оварда буд.

«Писарамон Эмомҳусайн аллакай дар панҷсолагиаш ҷуссаи худро дар такя бо дастону пойҳо 1000 маротиба мебардошт, -мегӯянд волидони ин писараки фавқулодӣ. – Чун дидем, ки рӯз то рӯз маротибҳои бештар ҷуссабардорӣ мекунаду шавқу завқи зиёд ва идроки хеле мустаҳками машқу тамрин дорад, дар хона барояш шароити мусоид фароҳам овардем. Ӯ ҳар рӯз монда нашуда, тамрин менамуд, ки дар ҳисоби шумораи ҷуссабардориаш сару калобаамонро гум мекардем», – мегӯяд модари варзишгар.

Он замон Эмомҳусайн орзу мекард рекорди навраси ҷопониеро, ки 37 сол қабл аз ин бо 10 000 ҷуссабардорӣ шомили китоби рекордҳои Гиннесс гардидааст, барҳам диҳад ва шаъну шарафи варзишии Тоҷикистонро афзун карда, Парчами онро ҷилвагар бисозад.

Ба ғайр аз болофишорӣ Эмомҳусайн боз ба намуди варзиши гимнастика, футбол, ҷудо ва шиноварӣ низ машғул шуда аз уҳдаашон хуб мебарояд.

Skip to toolbar