fbpx

Наврӯзи асосиро имсол дар Хуҷанд ҷашн мегиранд

Санаи таҷлили ҷашн дар Хуҷанд ҳанӯз дақиқ нест.


-1
-1 points
Наврӯз дар Тоҷикистон

Таҷлили имсолаи Наврӯзи сатҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд дар назар аст. Дар он Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок хоҳад кард.

Сухангӯи вазорати фарҳанг Марям Холиқзода дар ин бора ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, чорабинии тантанавӣ дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, иштироки зиёиён, фарҳангиён ва сарояндагони номдори тоҷик дар назар аст.

“Дар ҷашни Наврӯз ширкати меҳмонони хориҷӣ ҳам пешбинӣ шудааст. Дар вилояти Суғд кумитаи таҷлили ҷашни Наврӯз таъсис ёфтааст”, – гуфт Холиқзода.

Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд кадом рӯз таҷлил карда мешавад.

Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд мусобиқаи аспдавонӣ, бузкашӣ, ҷашнвораҳои “Сайри гули лола” ва “Маликаи баҳор” пешбинӣ мешавад.

Бояд гуфт, соли гузашта чорабиниҳои асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон баргузор шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёӣ маҳсуб ёфта, он соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалиро гирифт.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend