“Наврӯз бояд ба идеологияи асосии миллии мо табдил ёбад”. Дар Қазоқистон гуфтаанд соли нав бояд дар Наврӯз таҷлил шавад

Инчунин пешниҳод шудааст, ки дар Қазоқистон бояд консепсияи миллии таҷлили Наврӯз қабул гардад.


Суманак дар дастархони наврӯзии тоҷикон

Вакили сенати Қазоқистон (палатаи болоии парлумон) Алӣ Бектаев пешниҳод кардааст, ки соли нав дар ин кишвар дар баҳор – рӯзи Наврӯз таҷлил карда шавад. Бектаев бо ин пешниҳод ба сарвазир Алихон Смаилов муроҷиат кардааст, хабар медиҳад хабаргузории Фарғона.

Ба гуфтаи Бектаев, соли нави “классикӣ”, ки 31 декабр таҷлил мешавад, аз ҷашни оилавӣ ба як навъ чорабинии “моддӣ” табдил ёфтааст.

“Мо хуб медонем, ки аксари туҳфаҳои солинавӣ аз хориҷи кишвар ворид мешаванд ва бо ҳамин анъанаҳои бегона, тарзи зиндагӣ, тафаккур ва мазҳаби бегона, инчунин чорабиниҳои корпоративӣ, барномаҳои солинавии мактабҳо ва шабнишиниҳо дар боғчаҳо тарғиб мешаванд”, – афзудааст вакил.

Ба гуфтаи ӯ, дар Қазоқистон замони ташаккули анъанаи вижаи иҷтимоиву идеологии таҷлил аз соли нав фаро расидааст ва ин ҷашн бояд Наврӯз бошад.

“Барои Қазоқистон ҷашни Наврӯз бояд ба анъана табдил ёбад. Мардум мегӯянд, ки Наврӯз рӯзи бузург, оғози сол, оғози баробаршавии шабу рӯз аст. Тибқи ривоятҳо, шаби 21 март Қидир Ота дар даштҳо сайругашт мееунад. Чун қоида, дар ин рӯз одамон аз ниятҳои бад пок мешаванд. Дар ин рӯз одамон ба ҳама кӯмак мекунанд. Онҳо ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, мебахшанд.

Мо чунин меҳисобем, ки замони мо, қазоқистониён расидааст. Ин арзишҳо бояд ба пояи маънавии мардуми мо ва Наврӯз ба идеологияи асосии миллии мо табдил ёбад. Наврӯз бояд ба рамзи навсозӣ ва эҳё табдил ёбад”, – афзудааст Бектаев.

Ба андешаи ӯ, бояд консепсияи миллии таҷлили Наврӯз қабул гардад, ки “барои дар шуури ҳар як шаҳрванд, сар карда аз кӯдакистонҳо ҷорӣ кардани он, ки Наврӯз ибтидои сол, оғози ҳама чиз аст, мусоидат хоҳад кард”.

Бектаев ҳамчунин ҷонибдори ифтитоҳи маркази илмие аст, ки дар он моҳият ва арзишҳои маънавии Наврӯз омӯхта мешавад.

Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аввали моҳи январ дар як суҳбаташ ба газетаи “Egemen Qazaqstan” гуфта буд, ки Соли нав шахсан барои ӯ муҳимият надорад. “Фаромӯш набояд кард, ки мо низ Соли нави худ – Наврӯз дорем, ки оғози давраи нави ҳаёти табиатро ифода мекунад.

Наврӯз рамзи таҷдид аст ва онро низ бояд ба таври нав: пурмазмун, эҷодкорона, бо ворид намудани унсурҳои нави фарқкунанда таҷлил кард. Итминон дорам, ки ин ба муттаҳидшавии ҷомеа ва таҳкими ҳувияти миллии мо мусоидат хоҳад кард”, – таъкид намуда буд президент.