fbpx

Нархи билетҳо аз Тоҷикистон ба Русия 7 ҳазор сомонӣ шуд. Мақомот: Фавран арзон кунед

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ огаҳӣ дод, то нархи билетҳоро арзон кунанд.


0
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Ҳафтаи охир арзиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба самти Русия рӯз то рӯз гарон мешаванд. Масалан, агар мусофирони моҳи декабри соли гузашта читаҳоро ба самти Москва бо нархи 2,5 – 3, 5 ҳазор сомонӣ харидорӣ мекарданд, ҳоло арзиши он зиёда 7 ҳазор сомонӣ мебошад. Мақомоти дахлдор аз ширкатҳо талаб карданд, ки фавран нарх поён бурда шавад.

Вобаста ба беасос боло бурдани нархи чиптаҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи фаврӣ баргузор намуда, ба ширкатҳои оиди поён бурдани нарх дастури қатъӣ додааст, хабар дод ба Your.tj як манбаъ аз Агентии мазкур.

Бино ба иттилоии манбаъ, дар ҷаласаи фаврӣ, намояндагони ширкатҳои “Уральские авиалинии”, UTair, “Сибирь”, “Северный ветер” ва “Сомон Эйр”, ки ба самти Русия парвоз анҷом медиҳанд, даъват шудаанд.

“Аз намояндагони ширкатҳо талаб карда шуд, то дар зудтарин фурсат арзиши чиптаҳо поён бурда шуда, сабаби беасос боло бурдлани он шарҳ дода шавад”, – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин ба ширкатҳо огоҳии қатъӣ дода шудааст, ки дар сурати поён накардани нархҳо нисбаташон чораҳои лозима андешида мешавад.

Дар ҷаласа роҳбарияти агентӣ қайд кардааст, ки бояд нархи билетҳо аз ҳарду ҷониб на зиёда аз 500 доллари амрикоӣ бошад.

Ба гуфтаи манмабъ, аз ҷониби агентӣ аз ҳама мудирони кулли ин ширкатҳо таввасути номаҳои расмӣ талаб карда шуд, ки нисбати поён бурдани нархи чиптаҳо фавран чораандешӣ кунанд.

“Мусофирони асабӣ”

“Арзиши чиптаҳо ба самти Русия аз Тоҷикистон марзи 7 ҳазор сомониро убур кард. Муштариён норозигӣ доранд ва ба сари мо хазиначиён дод мезананд. Гароншавии нархи чиптаҳо аз мо вобаста нест, аммо мусофирон инро намефаҳманд ”, – гуфт як кассир бо номи Омина ба Your.tj.

– Вақте ба муштарӣ арзиши чиптаро барои 20-уми январ аз Душанбе ба Маскав зиёда аз 7 ҳазор сомонӣ гуфтам, ӯ ба сари ман дод зад ва гуфт: “Ту инсоф дорӣ, мо зану фарзанд дорем, 5 ҳазор сомониро барои харидории билет қарз гирифтам то ба Маскав равам. Боз 2 ҳазори дигарро аз куҷо ёбам?”. Ба ӯ фаҳмонидам, ки “акаҷон мо ин ҷо гунаҳкор нестем, он нархе, ки ба мо пешниҳод мешавад, ҳамонро ба Шумо мерасонем, аммо онҳо намефаҳманд, – мегӯяд, Омина.

Ба гуфтаи ӯ, аз замоне, ки нархи чиптаҳо боло рафт, муштариён асабӣ шудаанд ва намедодананд аламашонро ба сари кӣ холӣ кунанд.

“Се рӯз пеш як ҷавони тахминан 30-сола бо фарзанди 7-солааш барои харидани билет омаданд. Вақте нархи билетҳоро ҷавон фаҳмид, асабӣ ва зиқ шуд. Ҳамон замон, фарзандаш чизе аз ӯ пурсид, ки ӯ ногаҳон ба тарафи фарзандаш дод зад ва дашноми қабеҳ дода гуфт, то даҳонашро накушояд. Аммо баъдан ором шуда, аз фарзандаш бахшиш низ пурсид”, – нақл кард Омина.

Ба нақли Омина, чанд моҳи охир муштариён бо чеҳраи кушод меомаданд ва чипта харидорӣ мекарданд, аммо зиёда аз 1 ҳафта мешавад, ки аз чеҳраи кушоди онҳо нишонае нест. Ҳама ғазабу аламашонро ба сари хазиначиён холӣ мекунанд.

Ин хазиначӣ мегӯяд, ки қимат шудани нархи чипта ба оғоз шудани мавсими нав ва ба итмом расидани истироҳати Соли навӣ дар Русия вобастагӣ дорад.

“Баъд аз ба итмом расидани таътил дар Русия, талабот якбора ба чипта афзоиш ёфт. Ин сабаб шуд, ки рӯзи баъдӣ арзиши он 50% боло рафт. Ҳоло бошад, он марзи 100%- ро убур кардааст», – шарҳ дод, хазиначӣ.

Билет зиёда аз 7 ҳазор сомонӣ

Ҳоло арзиши чипта ба самти Маскав аз Душанбе барои 20-уми январ, ки ширкати “Уральские авиалинии» парвоз анҷом медиҳад – 7 ҳазору 248 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ ду рӯз пеш нархи чипта ба ҳамин самт ва тавассути ширкати “Уралские авиалинии” барои рӯзи 20 январ 6, 6 ҳазор сомонӣ буд.

Нархи чиптаҳо дар тамоми фурудгоҳҳои Душанбе фарқияти зиёд надоранд ва онҳо рӯз то рӯз зиёд мешаванд. Ҳоло нархи чиптаи Кӯлоб – Москва 5 ҳазору 868 сомонӣ, ва Хуҷанд – Москва 5 ҳазору 716 сомониро ташкил медиҳанд.

Арзонтарин парвоз ба самти Москва барои рӯзи 21 – уми январ аз фурудгоҳи Хуҷанд, ки ширкати “Сибир” анҷом медиҳад, 4 ҳазору 861 сомониро ташкил медиҳад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend