Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дар соли 2023 нархи патент (иҷозатномаи корӣ) барои муҳоҷироне, ки дар Москва кор мекунанд, то ба 6600 рубл меафзояд. Дар ин бора Даря Мурченко, муовини сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав, сардори шӯъбаи таҳлили андоз дар як нишасти Думаи шаҳри Маскав хабар дод.
“Дар соли 2022 маоши расмии муҳоҷирони корӣ дар фаъолияти ҳамешагии онҳо 11,5% афзоиш ёфтааст. Дар робита ба ин, пешниҳод мешавад, ки арзиши патент мутаносибан дар як моҳ то 6600 рубл зиёд карда шавад”, - шарҳ дод Мурченко.
Имсол нархи патент дар шаҳри Москва барои хориҷиён моҳона 5900 рубл арзиш дошт.
Мурченко қайд кард, ки афзоиши қимати патент барои баробар кардани ҳаҷми андози муҳоҷирон бо андози шаҳрвандони Россия мусоидат мекунад. Маблағи патент пурра ба буҷаи Москва меравад. Гуфта мешавад, ки афзоиши арзиши патент ҳаҷми даромади пойтахти Федератсияи Россияро 3 миллиард рубл зиёд мекунад.
Қаблан мақомоти чанд минтақаи дигари Русия аз болоравии нархи патент дар соли 2023 хабар дода буданд. Масалан, дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград арзиши он аз 4200 то 4400 рубл дар як моҳ афзоиш хоҳад ёфт. Хориҷиёне, ки дар вилояти Самара кор мекунанд, бояд аз соли оянда 5720 рубл падохт кунанд, дар ҳоле ки арзиши он ҳоло 4419 рубл аст.
Мутобиқи моддаи 227.1 – и Кодекси андози Федератсияи Россия, шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми ба расмият даровардани патент дар як моҳ пешпардохти собити 1200 рубл пардохт мекунанд. Илова бар ин, ин маблағ ҳар сол ба коэффисиенти талаботи нархҳои Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия ва ба коэффисиенти минтақавӣ, ки мақомоти маҳаллӣ мустақилона тасдиқ мекунанд, мувофиқа карда мешаванд. Аз ин рӯ, арзиши патентҳо дар минтақаҳои гуногуни Русия фарқ мекунад.
294 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
1 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
1 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
3 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад