logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Нархи барқ аз соли нав тақрибан 17% гарон мешавад

Арзиши гармӣ бошад, барои аҳолӣ аз 1,18 дирам то 1,38 дирам боро бурда мешавад.

Your tj

16:5529.12.2025

Нархи барқ аз соли нав тақрибан 17% гарон мешавад

Дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳо боло бурда мешавад. Қарори тасдиқи нархномаи нави барқ ва гармӣ рӯзи 29-уми декабр дар ҷаласаи ҳукумат қабул гардид.

Акс: Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар дод, аммо рақамҳои мушаххасро эълон накард. Гуфта мешавад, пардохт тибқи нархномаи нав аз 1-уми феврали соли 2026 оғоз меёбад.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои ду манбаи худ аз ширкати "Барқи тоҷик" хабар дод, ки арзиши ҳар киловат-соати барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳо тақрибан 17 дарсад афзоиш меёбад. Нархи барқ барои аҳолӣ аз 35,36 дирам то 41,37 дирам боло меравад. Барои корхонаҳо ва идораҳо низ болоравии мутаносиб пешбинӣ шудааст.

Ин маротибаи дуввуми болоравии нархи барқ дар як соли охир аст. Қаблан, моҳи апрели соли 2025, арзиши ҳар киловат-соат барои аҳолӣ аз 30,75 дирам то 35,36 дирам зиёд шуда буд.

Хабаргузории "Азия-Плюс" низ гароншавии нархи барқро бо гуфтаи манбаи худ тасдиқ карда, афзудааст, ки арзиши гармӣ барои аҳолӣ аз 1,18 дирам то 1,38 дирам боро бурда мешавад.

Мақомот ҳадафи ин иқдомро рушди соҳаи энергетика ва расидан ба худкифоии молиявии ширкатҳои давлатӣ дар соҳаи барқ арзёбӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар бисёре аз деҳоти Тоҷикистон маҳдудияти ҷиддии барқ боқӣ мемонад. Сокинон, мегӯянд, дар шабонарӯз то 6-7 соат нерӯи барқ мегиранд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

10 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ