logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Нархи ҳаҷ гарон шуд. Гуруҳи аввали зоирони тоҷик рӯзи 20 июн ба ҳаҷҷи фарзӣмераванд

Дар соли 2020, ба далели пандемия, Арабистони Саудӣ маросими ҳаҷ барои зоирони хориҷиро манъ кард. Аммо зоирини тоҷик то ин дам тавассути кишварҳои сеюм ба Ҳаҷ сафар мекарданд.

Your tj

11:3603.06.2022

Нархи ҳаҷ гарон шуд. Гуруҳи аввали зоирони тоҷик рӯзи 20 июн ба ҳаҷҷи фарзӣмераванд

Аввалин гуруҳи зоирони тоҷик пас аз ду соли танаффус барои адои ҳаҷҷи фарзӣ рӯзи 20 июн ба Арабистони Саудӣ мераванд, хабар медиҳад Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон.

Вале арзиши имсолаи сафари ҳаҷ нисбат ба соли 2019 тақрибан 25 ҳазор сомонӣ гарон шудааст, ки он тақрибан 61 ҳазор сомонӣ, (5 ҳазору 350 доллар) муаян гардидааст.

Ба иттилоъи манбаъ болоравии қимати ҳаҷ ба афзоиши қимати якчанд хизматрасониҳо дар Арабистони Саудӣ рабт дорад. Чуночӣ хидматрасонӣ дар Мино ва Арафот барои ҳар як зоир 236 доллар буд, аммо имсол бинобар ба эътибор гирифтани чораҳои ҷиддии беҳдоштӣ дар ин кишвар хароҷотро то 1424 доллар боло бурдааст. Ба гуфтаи ӯ, имсол сокинони аз 40 то 65-солаи Тоҷикистон ба ҳаҷ рафта метавонанд.

Имсол барои Тоҷикистон 3 ҳазору 562 квота ҷудо шудааст, ки тавассути ин квотаҳо нахуст шаҳрвандонеро мефиристонанд, ки соли 2019 биновар маҳдудиятҳо аз сабаби пандемия ба ҳаҷ сафар карда натавониста, буданд.

Бояд қайд кард, ки имсол ба нафарони аз 40 то 65-сола, ки алайҳи коронавирус ваксина гирифтаанд, барои зиёрати ҳаҷ иҷоза дода мешавад. Ҳамчунин, маълумотномаи манфии  COVID-19-ро на дертар аз 72 соат пеш аз сафар пешниҳод кардан лозим аст.

Дар соли 2020, ба далели пандемия, Арабистони Саудӣ маросими ҳаҷ барои зоирони хориҷиро манъ кард. Аммо зоирини тоҷик то ин дам тавассути кишварҳои сеюм ба Ҳаҷ сафар мекарданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ