Раиси Кумитаи меъморӣ Низом Мирзозода гуфт, нархи миёнаи хона барои 1 метри квадратӣ ба ҳолати 1-уми декабри соли гузашта дар ҷумҳурӣ 705 (тақрибан 7812 сомонӣ) ва дар шаҳри Душанбе 780 ва доллари ИМА аст.
Ба иттилои се соли пеши ин ниҳод арзиши як метри мураббаъ хона дар пойтахт 4 ҳазору 170 сомонӣ арзиш дошт.
Ӯ гуфт “нархҳо бозӣ мекунанд” ва афзуд, нархгузорӣ дар дасти худи соҳибкорон аст ва вобаста ба сарфу хароҷоти худ нарх мегузоранд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ҳамчунин вобаста ба минтақа ва ноҳия нархи миёна ба 1 метри квадратӣ фарқ мекунад. Ба гуфтаи раиси Кумитаи меъморӣ дар баробари сохтмонҳо харидорони онҳо низ зиёд шудаанд.
Манбаъ иттилоъ дод, давоми соли гузашта дар кишвар 1 млн 739,6 метри мураббаъ хона ба истифода дода шудааст, ки ин бо нишондоди ҳамин давраи соли 2023 тақрибан баробар аст.
“Вобаста ба ҷойгиршавии ин ё он иншоот нархҳо тағйир меёбанд”,- гуфт раиси Кумита.
Аммо ӯ нагуфт, ки арзиши хона нисбат ба соли гузашта чӣ қадар гарон шудааст.
Ҳамин тариқ, ба иттилои Низом Мирзозода, дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт арзиши 1 метри мураббаъ дар биноҳои аз 7-ошёна боло 750 доллар (тақрибан 8310 сомонӣ) ва аз он поён 650 доллар (тақрибан 7202 сомонӣ) аст.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гаронтар аз он – 1 метри мураббаъ хона ба ҳисоби миёна 850 доллар (тақрибан 9418 сомонӣ) аст.
“Иншоотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, бо назардошти шароити хуби зиндагӣ тарҳрезӣ шуда, пешкаши сокинон мешаванд. Имконияти харидории шаҳрвандон низ васеъ шудааст, аз ин рӯ соҳибкорон низ аз ин истифода бурда, баъзан нархҳоро ба таври худашон мегузоранд”, – гуфт Низом Мирзозода.
Раиси Кумита нархи хона дар дигар кишварҳоро мисол оварда, гуфт, ки “дар онҳо низ гарон аст”.
“Масалан, арзиши як метри мураббаъ хона дар Ӯзбекистон 775 доллар, дар Озарбойҷон 1141 доллар, Қирғизистон аз 635 то 700 доллар, дар Қазоқистон 998 доллар, дар Молдова 912 доллар, дар Белорус 1544 доллар ва дар Русия аз ҳама гарон – 4042 доллар будааст”,- гуфт ӯ.