fbpx

Нақши зан дар тиҷорат. Чӣ гуна зани тоҷик дар шаҳри Ваҳдат клиникаи хусусӣ таъсис дод

Манзура дар ноҳияи Спитамен филиали клиникаи “Шавкат”-ро таъсис додааст, ки дар он 15 нафар кормандони тиб фаъолият мекунанд.


1
1 point

Дар нашри навбатии силсилаи подкастҳои “Бизнес среда” мавзуи “Нақши зан дар тиҷорат ва хусусиятҳои пешбурди тиҷорат аз нигоҳи зан”-ро муҳокима кардем. Манзура Ғафурова, муассиси клиникаи “Шавкат” дар шаҳри Ваҳдат дар суҳбат ба мо аз таҷрибаи худ гуфт.

Ӯ замоне дар беморхонаи ноҳиявӣ ҳамчун мутахассиси тиб кор мекард. Манзура ба мо нақл кард, ки чӣ гуна роҳи тиҷоратро пеш гирифт ва дар ин самт чӣ мушкилиҳоро паси сар кард.

“Як рӯз, вақте аз навбатдорӣ баромадам, сардухтури беморхонаи ноҳиявӣ маро ба утоқаш таклиф кард. Ӯ пешниҳод кард, ки ман ҳамчун мутахассис акушер-гинеколог як дастгоҳи ташхиси ултрасадо гирам. Зеро ноҳияи мо ниҳоят калон аст ва ҳамон вақт норасоии хизматрасонӣ эҳсос мешуд. Баъди маслиҳат бо оила барои оғози ин кор 8 моҳ хондам. Баъд бо ёрии наздикон дастгоҳро харидам. Аз моҳи январи соли 2002 аввалин шуда дар шаҳри Ваҳдат хизматрасонии тиббиро ҳамчун соҳибкори андозсупоранда таъсис додам”,- нақл кард Манзура Ғафурова.

Ӯ мегӯяд, қадамҳои аввал дар он солҳо барояш мушкил буд. На ҳама метавонист ба маркази шаҳр омада, аз ташхис гузарад. Бо вуҷуди ин Манзура ба ин соҳа ворид шуд.

“Соли 2008 ҳамфикронам пайдо шуда, маслиҳат кардем, ки утоқи маро васеътар кунем. Ҳамин тавр, мо 10 ҳуҷраро аз беморхона ба иҷора гирифта, сатҳи хизматрасониро беҳтар кардем. Корамон барор гирифт ва ҳатто ин 10 ҳуҷра камӣ кард. Ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат кардем ва ба мо замин ҷудо карданд. Дар байни 2 сол бинои клиникаи “Шавкат”-ро бо тамоми шароитҳои муосир сохтем”,- ба хотир овард мутахассис.

Ҳамин тавр, Манзура соли 2017 дар ноҳияи Спитамен филиали клиникаи “Шавкат”-ро таъсис дод, ки дар он 15 нафар кормандони тиб фаъолият мекунанд.

“Душвории асосӣ маблағ буд. Мо аз бонкҳо бо фоизҳои нисбатан паст қарз гирифтем. Мушкили дигар норасоии мутахассисон буд. Хушбахтона, имрӯз мо бо 17 нафар мутахассисони дараҷаи олӣ ва 2 нафар номзадҳои илми тибб ҳамкорӣ дорем”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Манзура мегӯяд, ҳамчун духтур саводнокии молиявии кофӣ надошт, ки ин барояш мушкил эҷод мекард. Вале бо иштирок дар тренингу семинарҳо онро бартараф кард. Махсусан, барномаи “Машваратҳо барои тиҷорати хурд” аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои ӯ нақши муҳимеро иҷро намуд.

“Маро ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Қазоқистон фиристоданд. Аз мутахассисон ботаҷрибаи он ҷо, ки клиникаҳои шахсии худро доштанд, дарс гирифтам, бо кори онҳо аз надик шинос шудам. Ин бароям як мактаби калон буд”,- шарҳ дод Манзура Ғафурова.

Дар бораи он ки тиҷорат дар ҳаёти Манзура чӣ аҳамият дорад, клиникаи ӯ ба кадом дастовардҳо ноил шудааст ва оянда бо чӣ ангеза кадом нақшаҳоро амалӣ мекунад дар подкасти навбатии мо тамошо кунед.

Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед:

Силсилаи подкастҳо бо дастгирии барномаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд “Машваратҳо барои тиҷорати хурд” дар Тоҷикистон омода шудааст. Барнома аз ҷониби Ҳукуматҳои Швейтсария ва Ҷопон тавассути Фонди тиҷорати хурди БАТР, ки аз ҷониби Италия, Корея, Люксембург, Норвегия, ҳукумати Швейтсария, Шветсия, ИМА, Фонди ҳамкории техникии тиҷорати Тайван маблағгузорӣ карда мешавад, дастгирӣ меёбад.

Ақидаҳои мусоҳибон метавонад бо ақидаҳои донорон мувофиқат накунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend