Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон қариб 90 % иҷро шудааст

Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар 20 рӯзи аввали маърака ба 89,1 фоиз расидааст.

Ба иттилои ин ниҳод, то ҳол Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Суғд иҷрои нақша 78,5 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 76,7 фоизро ташкил медиҳад.

Маъракаи даъвати баҳорӣ аз 1 апрел оғоз гардида, то 31 май идома меёбад. Бар асоси фармони Президенти Тоҷикистон, шаҳрвандони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999–2008) ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Skip to toolbar