Нақшаи даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон дар як моҳ пурра иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, нақша то 30-юми апрел дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пур шудааст.
Пеш аз муҳлат иҷро гирдидани даъвати баҳориро Вазорат “натиҷаи фаъолияти хубу назарраси масъулин” медонад.
Гуфта мешавад, “теъдоди ихтиёриён, аз ҷумла дорои маълумоти олӣ ва фарзандони шахсони мансабдор” афзудааст.
Манбаъ меафзояд, шаҳрвандон инчунин фароҳам овардани “беҳтарин шароитҳои хизмативу майишӣ дар қисмҳои низомӣ”-ро дарк намуда, саривақт ба комиссияҳои даъват ҳозир мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал фармони даъвати баҳориро имзо карда буд.
Мувофиқи он сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ба эҳтиёт рухсат дода шуда, давоми моҳҳои апрел-май ҷавонмардони солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор мешавад.
Тибқи тағйирот ба қонун дар Тоҷикистон ҷавонон бо пардохти 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (бо афзудани як нишондиҳанда аз 72 ба 75 сомонӣ аз 1-уми январи соли 2025 – 56 ҳазору 250 сомонӣ) ва гузаштани тамрини якмоҳа дар қисмҳои ҳарбӣ метавонанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.