fbpx

Нақшаи даъвати баҳорӣ беш аз 80% иҷро шудааст

Ба иттилои Вазорати мудофиа, иҷрои нақша дар вилояти Суғд 54 дарсад ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 72 фоизро ташкил медиҳад.


0
Акс: АМИТ "Ховар"

Дар 10 рӯз нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон беш аз 80 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи кишвар хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, иҷрои нақша дар вилояти Суғд 54 дарсад ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 72 фоизро ташкил медиҳад.

Як ҳафта қабл хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода буд, ки “2180 ихтиёрӣ дар комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис шудаанд” ва дар навбати аввал 1700 нафари онҳо ба хизмат гусел карда шуданд.

Гуфта мешавад, танҳо ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва  чанде аз ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъватро дар рӯзи аввал пурра иҷро кардаанд.

Вилояти Мухотори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва чанд ноҳияи минтақаи Рашт дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои пурраи нақша хабар дода буданд.

Шаҳри Душанбе низ нақшаи даъватро пурра иҷро кард.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз гардид.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал фармони даъвати баҳориро имзо карда буд.

Мувофиқи он сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ба эҳтиёт рухсат дода шуда, давоми моҳҳои апрел-май ҷавонмардони солҳои таваллуди 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор мешавад.

Тибқи тағйирот ба қонун дар Тоҷикистон ҷавонон бо пардохти 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (бо афзудани як нишондиҳанда аз 72 ба 75 сомонӣ аз 1-уми январи соли 2025 – 56 ҳазору 250 сомонӣ) ва гузаштани тамрини якмоҳа дар қисмҳои ҳарбӣ метавонанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend