fbpx

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ ба анҷом расид, аммо даъвати ҷавонон идома меёбад

Дар нахустин рӯзи даъват вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва чанде аз шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дода буданд.


0
Фото с сайта Азия-Плюс

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дод, ки то охири моҳи май тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳориро ба хизмати ҳарбӣ пурра ба анҷом расонидаанд. Вазорат аз мақомоти шаҳру ноҳияҳое, ки дар иҷрои нақша пешсаф буданд ва волидоне, ки фарзандонашон ихтиёран ба хизмат рафтаанд, изҳори миннатдорӣ намудааст. Аммо таъкид кардааст, ки даъвати ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбӣ идома дорад.

“Комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки дар самти сифатан ва дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф буданд, инчунин ба волидони ҷавонписароне, ки фарзандонашон ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир гардиданд, изҳори сипосу миннатдорӣ менамоянд”, – омадааст, дар хабари вазорат.

Ба иттилоъи манбаъ, бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳимми сиёсӣ, дар нахустин рӯзи даъват вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва чанде аз шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.

Бо ҳамин тартиб, дар нимаи аввали моҳи апрел чаҳор навоҳии пойтахт ва то охири моҳи май бошад, тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Аммо вазорат ҳушдор медиҳад, ки агарчӣ даъвати мавсимӣ хотима ёфта бошад ҳам даъвати шаҳрвандон ба комиссариатҳои ҳарбӣ идома меёбад.

“Бояд тазаккур дод, ки агарчӣ иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар муҳлати муқарраргардида, яъне давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон ба итмом расида бошад ҳам, лекин тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва баҳри омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ, онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд”, – шарҳ медиҳад, Вазорати мудофиа.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиши ҳарбӣ бурдани донишҷӯёни бархе донишгоҳҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр шуда буд, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Аммо вазорат ҳамеша ба набудани “облава” таъкид мекунад ва мегӯяд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома  ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашударо мақомоти милится ҳақ доранд, ки маҷбуран ба комиссариатҳои ҳарб ҳозир кунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend