Нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш дар 10 рӯз беш аз 80% иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар 10 рӯзи аввали маърака 80,1 дарсад иҷро шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, то имрӯз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд. Дар ҳамин ҳол, нишондиҳандаҳо дар дигар минтақаҳо чунинанд: вилояти Хатлон — 96,2%, вилояти Суғд — 57,5% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 68,3%.

Мавсими баҳории даъват ба артиш дар Тоҷикистон аз 1 апрел оғоз шуда, то 31 май идома меёбад. Тибқи фармони президент, дар ин давра ҷавонони синни аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999–2008) ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

Skip to toolbar