fbpx

Наҷоти ронанда ва мусофирони он аз зери тарма. Роҳи Душанбе-Чаноқ ҳанӯз баста аст

Шумораи тармаҳое, ки аз субҳи имрӯз, 25-уми феврал дар ин роҳ фаромадаанд, ба 14 адад расидааст.


0
Акс: IRS Коллажи Yourtj

Дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ субҳи имрӯз, 25 феврал тарма фаромада, як мошин зери он мондааст.

Ширкати IRS, ки масъули нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ аз ин роҳ аст менависад, ки мусофирони он аз ҷониби кормандони ширкат наҷот дода шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, паҳноии ин тарма 60 метр ва баландиаш қариб 8 метр буда дар километри 78-уми роҳ фаромадааст. Ширкат менависад, тарма давоми 2 соат пурра бартараф карда мешавад.

“Теъдоди тармаҳое, ки имрӯз дар роҳи Душанбе – Чаноқ фаромаданд, ба 14 адад расид. Ҳоло бартарафсозии онҳо идома дошта, кормандони мо тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, то зудтар ҳаракати нақлиёт имконпазир гардид”,- хабар медиҳад IRS

Гуфта мешавад, то ҳол ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар ин масир муваққатан қатъ гардидааст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Ба иттилои манбаъ, тарма дар километрҳои 67, 78, 73 ва 79-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ фаромада, то ҳол тармаҳои дар километрҳои 67 ва 78-уми ин шоҳроҳ фаромада аз ҷониби кормандони ширкат бартаф карда шудааст.

“Мутаассифона, чанд дақиқа пеш дар километри ва 73 ва 79-ум тармаҳои навбатӣ фаромаданд. Ҳоло бартарафсозии ин тармаҳо босуръат идома дорад”,-навиштааст ширкати IRS.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend