Наҷоти як наврас дар Хуҷанд, ки барои кӯмак ба гурба болои бом баромад

Як навраси 13-сола барои кӯмак ба поён фаромадани гурба ба боми бинои панҷошёна баромадааст. Ба иттилои КҲФ, ҳодиса 23 ноябр дар микроноҳияи 13-уми шаҳри Хуҷанд рух додааст.

Манбаъ менависад, ҳангоми боло баромадан ӯ лағжида, тақрибан якуним метр поён, ба балкони ошёнаи панҷум афтодааст.

Наҷотдиҳандагони Кумита ба бом баромада, наврасро бехатар поён оварда, ба волидонаш супурдаанд.

Дар хабар гуфта нашудааст, ки гурбаро ҳам наҷот доданд ё не.

Skip to toolbar