Наҷотдиҳандагони тоҷик дар амалиёти наҷот дар Туркия

Наҷотбахшони тоҷик ба ватан бармегарданд

Тарма ба сохториҳои энергетикии ВМКБ 1,7 млн сомонӣ зарар расонид

Зарари дар натиҷаи тармафуроӣ ба сохторҳои соҳаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расида 1,7 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад. Дар ин бора Сорбон Холмуҳаммадзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт.

Акс аз КҲФ

Номбурда дирӯз, 21-уми феврал, дар ҷаласаи Ситоди назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳисобот гуфт, бо вуҷуди саривақт бартараф шудани садамаҳо ва таъмини сокинони вилоят бо нерӯи барқ, дар пайи офатҳои табиии такрорӣ дар баъзе қисматҳои алоҳидаи вилоят, боз норасоӣ ба назар мерасад. Дар давоми рӯз бартарафкунии он идома хоҳад ёфт, оварда шудааст дар саҳифи фейсбукии МИҲД – и ВМКБ.

Ба таъкиди Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва роҳбари Ситод, пеш аз ҳама сокиноне, ки дар хонаи хешу табор ҷойгир шудаанд, ба ҷойи алоҳида кӯчонида шаванд. Барои барқарор намудани хонаҳое, ки қисман вайрон шудаанд, тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

“Тибқи эҳтиёҷот барои Вазорати нақлиёт 10 тонна ва ноҳияҳои вилоят 5 тоннагӣ сӯзишвории дизелӣ ҷудо карда шавад. Зеро дар ҳолати кушода нигоҳ доштани роҳҳои ҳудуди вилоят яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулон ба ҳисоб меравад”, – гуфтааст Қоҳир Расулзода.

Бояд гуфт, ки Қоҳир Расулзода 20-уми феврал ба шаҳри Хоруғ, ки дар пайи тармафуроӣ чандин нафар ба ҳалокат расидаву даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд, сафар кард ва бо вазъ шинос шуд. Ӯ аз аҳволи зарардидагон ва ҷароҳатбардоштагон низ дидан кард.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи тармафуроӣ дар ВМКБ 18 нафар ҷон бохта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Пас аз ин, аз Фонди захиравии президент ба ҳар оилаи қурбонии тарма дар ВМКБ 40 ҳазор ва барои осебдидагон 10 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Наҷотбахшони тоҷик ба ватан бармегарданд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон шаби 22 ба 23-юми феврал аз Туркия бармегарданд. Онҳо дар амалиёти ҷустуҷӯӣ дар манотиқи осебдидаи ин кишвар ширкат доштанд.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

“Соати 1-и шаби 23 феврал нишасти ҳавопаймо бо наҷотдиҳандагони тоҷик дар Душанбе дар назар аст. Ҳамаи ҳайати гурӯҳ ба ватан бармегарданд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфӣ.

Ёдрас мекунем, ки ба ҳайати гурӯҳе, ки дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар минтақаҳои аз заминларза осебдидаи Туркия иштирок кард, 50 нафар имдодгарону табибон шомил буданд.

“Имдодгарони мо вазифаи худро муваффақона иҷро карда, дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар вилоятҳои Қаҳрамонмаръаш ва Хатойи Туркия саҳм гузоштанд”, – хабар доданд дар Кумита.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи имдодагрон ва табибони КҲФ Тоҷикистон 9 феврал ба Туркия раҳсипор шуданд. Корҳои ҷустуҷӯро онҳо дар Қаҳрамонмаръаш, ки бештар осеб дида буд, оғоз намуда, сипас онҳоро ба қитъаи дигар – Хатой сафарбар намуданд.

Дар маҷмӯъ, имдодгарони тоҷик дар ҷараёни кори худ 3 нафарро зинда ва беш аз 200 ҷасадро аз зери харобаҳо берун оварданд.

Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон ва вазир мудофиаи миллии ин кишвар Хулуси Аскар ба имдодгарон тоҷик изҳори миннатдорӣ карданд.

СММ гуфт, дар ҳамлаҳои Русия ба Украина давоми як сол 8 ҳазор ғайринизомӣ кушта шудааст

Тибқи гузориши нави Дафтари комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар (OHCHR) аз замони оғози ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина, беш аз 8000 ғайринизомӣ кушта шудааст, менависад Радиои Озодӣ.

Аз 24 феврали соли гузашта то 15 феврали соли 2023 тимци омори СММ дар Украина 8006 ғайринизомӣ, аз ҷумла 487 кӯдак кушта шудаанд.

13287 нафар аҳолии осоишта ярадор шуданд, ки 954 нафарашон кӯдакон мебошанд.

Шумораи бештари кушташудагон ва маҷрӯҳон дар вилоятҳои Донетск ва Луганск ба қайд гирифта шудааст: дар ин минтақаҳо дар давраи зикргардида 4295 нафар ба ҳалокат расида, 7327 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Теъдоди воқеии ҳалокшудагон ё захмӣ шудани ғайринизомиён, ба гуфтаи муаллифони гузориш, дар воқеият бештар аст, зеро хабарҳо дар бораи кушташудагон ё захмӣ шудани шаҳрвандони ғайринизомӣ дар бархе аз маҳалҳо то ҳол мунтазири таъйид ҳастанд.

Ба чунин маҳалҳои аҳолинишин Мариупол (вилояти Донетск), Лисичанск, Попасная ва Северодонетск (вилояти Луганск) дохил мешаванд.

Шумораи бештари фавтидагон дар давраи аз 24 феврали соли 2022 то 15 феврали соли 2023, ба гуфтаи муаллифони гузориш, дар моҳи марти соли гузашта ба қайд гирифта шудааст: он замон 3918 шаҳрванди Украина кушта, 2967 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Аз оғози соли 2023 СММ марги 263 нафарро дар Украина сабт кардааст, 759 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Сабабгори бештари фавт ва захмишавии ғайринизомиён истифодаи васеи силоҳи тарканда, аз ҷумла артиллерияи вазнин ва ҳамлаҳои мушакандозҳои сершумор, инчунин ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавоӣ мебошанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ин навъи силоҳ дар Украина 6585 нафарро кушта ва 12635 нафарро захмӣ кардааст.

Дар гузориши СММ ҳамчунин дар бораи қурбониёни ҳамлаҳои мушакии Русия ба зербиноҳои муҳими Украина, ки 10 октябри соли 2022 оғоз шуда буд, сухан меравад.

То 15 феврали соли 2023 дар ин ҳамлаҳо дастикам 116 ғайринизомӣ кушта ва 393 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Қаблан Сарраёсати тафтишотии Пулиси миллии Украина (НПУ) маълумот дар бораи ҳалокати беш аз 16 ҳазор ғайринизомии украиниро нашр кард. Шумораи бештари фавтидагон дар вилояти Донетск – 4746 нафар сабт шудааст.

Дар вилояти Харков пулис марги 3784 нафар, дар вилояти Николаев 2207 нафар ва дар вилояти Киев 2072 нафарро ошкор ва сабт кардааст.

Ҷасади 9 нафар қурбонии тарма ба наздиконашон супурда шуд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 21 – уми феврал ҷасади нӯҳ нафарро ба наздиконашон дар ноҳияи Мурғоб супурдаанд. Онҳо бар асари тармафароӣ фавтида буданд.

Фавтидагон муваққатан дар шаҳри Хоруғ мезистанд ва рӯзи 15 – уми феврал бар асари фаромадани тарма ҷон бохтанд.

Мақомоти Бадахшон гуфтанд, ҷасади сокинони Мурғобро барвақт аз зери барф берун оварданд, аммо ба сабаби тармафароии пайиҳам ва бадии ҳаво натавонистанд, зуд ба хонаҳояшон расонанд.

Ба хабари расмӣ, ба оилаи ҳар кадоме аз онҳо 40 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан чаҳор ҳазор долларӣ, додаанд.

Ҳафтаи гузашта бар асари фаромадани тарма дар вилояти Бадахшон 16 кас ҷон бохта, чандин нафари дигар маҷруҳ ва бесарпаноҳ монданд.

Намояндагони идораи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, аз қабл мардумро аз хатари тарма огоҳ карда буданд. Баъзе аз сокинон мақомотро танқид мекунанд, ки ба фалокат ва рафъи пайомадҳои он омода набуданд.

Skip to toolbar